Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат на танҳо мафҳуми ҳуқуқӣ, балки арзиши бузурги таърихӣ, сиёсӣ ва маънавиест, ки имконияти интихоби озодонаи роҳи рушдро фароҳам меорад. Барои мардуми тоҷик эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи нав гардид ва оғози марҳилаи сифатан нави давлатдорӣ шуд, зеро халқ имкон пайдо кард, ки роҳи мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро мустақилона интихоб намояд.
Дар тӯли сию панҷ соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои мураккаби бӯҳрони иқтисодӣ, таназзули истеҳсолот ва ноустувории иҷтимоии солҳои навадуми асри гузаштаро паси сар намуд ва ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, ташаккули ниҳодҳои бозорӣ ва гузариш ба модели нави хоҷагидорӣ ноил гардид. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб панҷоҳу ҳашт-шаст фоиз коҳиш ёфт ва сатҳи таваррум ба андозаи харобиовар боло рафт, ки ин вазъ зарурати барқарорсозии низоми иқтисодӣ ва таҳкими суботи макроиқтисодиро ба миён овард. Аз оғози солҳои ду ҳазор иқтисодиёт тадриҷан ба марҳилаи барқароршавӣ ва сипас ба давраи афзоиши нисбатан устувор гузашт, ки имрӯз ҳамчун заминаи асосии сиёсати рушди миллӣ арзёбӣ мегардад.
Афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ки дар солҳои аввали истиқлолият нишондиҳандаи таназзули амиқи истеҳсолот буд, дар даҳсолаҳои баъдӣ ба нишондиҳандаи марказии рушди иқтисодӣ табдил ёфт ва аз марҳилаи буҳрон ба марҳилаи афзоиши устувор гузашт. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми ММД аз 13,4 миллиард сомонӣ дар соли 1991 ба 176,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расид, яъне тақрибан сездаҳ маротиба афзоиш ёфт, ки ин тағйирот натиҷаи барқарорсозии истеҳсолот, васеъшавии бозори дохилӣ ва таҳкими сиёсати молиявию қарзӣ мебошад. Суръати миёнаи солонаи афзоиши иқтисодӣ дар ин давра 7,6 фоизро ташкил дод ва дар миқёси минтақа аз нишондиҳандаҳои баландтарин боқӣ монд; дар бисту панҷ соли охир низ суръати миёнаи солона зиёда аз 7,7 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки аз устувории нисбии модели рушд шаҳодат медиҳад.
Баланд шудани сатҳи зиндагӣ
Баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ натиҷаи мустақими афзоиши иқтисодӣ, тавсеаи барномаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар шудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ аст. Сатҳи камбизоатӣ, ки дар солҳои аввали давраи барқароршавӣ ба 83 фоиз мерасид, то 19 фоиз коҳиш ёфт ва ин тағйирот яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои иҷтимоии даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин давра давомнокии миёнаи ҳаёт тақрибан ҳафт сол зиёд шуд ва ба 77 сол расид, шумораи аҳолӣ ду маротиба афзуд ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ дар соли 2000 то 65 миллиард сомонӣ дар соли 2026 боло рафт, ки имконияти маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохторро васеътар гардонд.
Истиқлолияти энергетикӣ ва коммуникатсия
Таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз самтҳои стратегии сиёсати иқтисодӣ гардид, зеро бе захираи устувори барқ на рушди саноат ва на беҳтаршавии шароити зиндагӣ имконпазир аст. Бунёд ва барқарорсозии иншооти бузурги энергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Помир-1», пояи амнияти энергетикии кишварро таҳким бахшид; дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 2200 мегаватт иқтидори нави энергетикӣ ба истифода дода шуд ва ду агрегати НБО «Роғун» қисми муҳими ин иқтидорро ташкил медиҳад. «Роғун» имрӯз на танҳо иншооти истеҳсолӣ, балки рамзи созандагӣ ва кафолати амнияти энергетикии дарозмуддат низ ҳисобида мешавад.
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки дар солҳои аввал яке аз монеаҳои ҷиддии рушди минтақаҳои кӯҳӣ ва пайванди бозорҳои дохилӣ буд, бо сохтмони нақбҳои «Истиқлол» (Анзоб), «Шаҳристон» ва «Шар-Шар», роҳи мошингарди Кулма ва роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб амалӣ гардид ва кишварро ба қаламрави ягонаи иқтисодӣ ва транзитӣ табдил дод. Ин инфрасохтор ҳам ҳаракати озоди мол ва одамонро осон кард ва ҳам имконияти иштироки Тоҷикистонро дар занҷирҳои логистикии минтақавӣ васеъ намуд.
Амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонӣ
Ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар шароити афзоиши аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ боқӣ монд ва рушди кишоварзӣ, ислоҳоти замин ва таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти ватанӣ ба таъмини бозори дохилӣ мусоидат кард. Саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии миллӣ гузариш аз шакли асосан аграрӣ ба модели аграрӣ-саноатиро таъмин мекунад ва коркарди ашёи хоми маҳаллиро дар дохили кишвар тавсеа медиҳад. Соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард, аммо соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 66,7 миллиард сомонӣ расид, ки аз васеъшавии истеҳсолоти коркард ва ташаккули заминаҳои нави шуғл шаҳодат медиҳад. Гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 1991 10,8 миллиард доллар ё 82,3 маротиба афзоиш ёфт ва ин нишон медиҳад, ки иқтисоди миллӣ тадриҷан ба низоми байналмилалии тиҷорат пайваст шуд.
Гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва илм
Дар марҳилаи кунунии сию панҷсолагии истиқлолият рақамикунонии иқтисодиёт, рушди зеҳни сунъӣ, ҷорӣ намудани инноватсия ва ҷалби сармояи хориҷӣ аҳамияти махсус пайдо кард, зеро рақобатпазирии миллӣ беш аз пеш аз сатҳи технология ва сифати кадрҳо вобаста аст. Ислоҳоти соҳаи бонкӣ, гумрук ва андозбандӣ шароити фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро беҳтар гардонд ва рақобатпазирии иқтисоди миллиро дар арсаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нисбатан баланд бардошт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба давраи нави рушди технологӣ ворид шудааст ва зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, биотехнология ва низомҳои иттилоотӣ шакли истеҳсолот, хизматрасонӣ ва ҳатто тарзи ҳаёти инсонро тағйир медиҳанд; аз ин рӯ, омодасозии мутахассисони ҷавон дар ин самтҳо барои Тоҷикистон талаботи муҳими замон гардидааст.
Дар даврони истиқлолият низоми миллии илм, омодасозии кадрҳои илмӣ, рушди муассисаҳои таҳқиқотӣ ва робитаҳои байналмилалии илмӣ тадриҷан ташаккул ёфт ва истифодаи дастовардҳои илм дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ аҳамияти бештар пайдо кард. Донишгоҳ дар шароити имрӯза набояд танҳо макони гирифтани диплом бошад, балки бояд муҳити эҷоди дониш, таҳқиқот, таҷриба ва кашфиёт гардад, зеро ҳар қадар робитаи муассисаи таҳсилоти олӣ бо илм ва истеҳсолот қавитар шавад, ҳамон қадар сифати мутахассисон ба талаботи бозор наздик мегардад. Ҷаҳони муосирро аксар вақт ҷаҳони дониш меноманд ва ҷомеаи донишбунёд ҷомеаест, ки дар он илм на танҳо фаъолияти гурӯҳи маҳдуди олимон, балки қисми ҷудонашавандаи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Рақамикунонии илм низ яке аз шартҳои суръатбахшии таҳқиқот аст, зеро пойгоҳҳои электронии маълумот, китобхонаҳои рақамӣ, маҷаллаҳои илмии электронӣ ва воситаҳои таҳлили иттилоот имкон медиҳанд, ки ҷараёни ҷустуҷӯ, коркард ва нашри натиҷаҳо хеле тезтар сурат гирад. Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, рушди илм дар Тоҷикистон ҳанӯз ба ҳалли як қатор масъалаҳо ниёз дорад, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маблағгузории таҳқиқот, навсозии лабораторӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои олимони ҷавон, таҳкими пайванди илм бо истеҳсолот ва зиёд намудани интишори корҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ.
Вазифаҳои ҳалталаб
Дар баробари дастовардҳои сию панҷ соли истиқлолият ҳанӯз масъалаҳое боқӣ мондаанд, ки ҳалли онҳо шарти нигоҳдории рушди устувор аст: таъсиси ҷойҳои кори сермаҳсул, ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими модели иқтисодие, ки ба дониш, инноватсия ва самаранокии захираҳо такя мекунад. Ояндаи Тоҷикистон аз сатҳи дониш, маърифати илмӣ ва қобилияти эҷодии мардум, хусусан ҷавонон, вобастагии зиёд дорад ва илм роҳест, ки масири миллатро ба сӯи фардо равшан месозад. Агар ин чароғ бо дониш, меҳнат, истеъдод ва иродаи ҷавонон фурӯзон нигоҳ дошта шавад, Тоҷикистон метавонад дар оянда на танҳо истеъмолкунандаи дониш, балки истеҳсолкунандаи технология, ғояҳои нав ва ҳалли илмии масъалаҳои миллии рушд гардад.
Ҳоҷибоева М.М. омӯзгори калони кафедраи
иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
