ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲАВВУЛИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ: АЗ БАРҚАРОРСОЗӢ ТО РУШДИ УСТУВОР

Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ташаккули давлати соҳибихтиёр ва низоми мустақили идоракунии иқтисодиро фароҳам овард. Дар шароити истиқлолият масъалаи ташаккули иқтисоди миллӣ, таъмини суботи макроиқтисодӣ, барқарорсозии истеҳсолот, рушди инфрасохтор ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори иқтисодӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Таҳаввули иқтисоди миллии Тоҷикистонро метавон ҳамчун раванди марҳилавии гузариш аз барқарорсозии иқтисодӣ ба рушди истеҳсолӣ ва сипас ба рушди устувор арзёбӣ намуд. Дар ин раванд ташаккули заминаҳои ҳуқуқию институтсионалӣ, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, таҳкими низоми молиявӣ, рушди энергетика, нақлиёт ва саноат аҳамияти муҳим пайдо карданд.
Дар марҳилаи муосир саноатикунонии босуръат яке аз самтҳои калидии сиёсати иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад. Солҳои 2022–2026 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.
Яке аз натиҷаҳои муҳимми соҳибистиқлолӣ ташаккули низоми мустақили иқтисодии миллӣ мебошад. Давлат имконият пайдо намуд, ки самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ, муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ, сиёсати сармоягузорӣ ва барномаҳои рушди соҳаҳои калидии иқтисодиётро мустақилона муайян менамояд.
Дар давраи истиқлолият таваҷҷуҳи бештар ба рушди инфрасохтор, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ равона гардид, ки ин раванд барои ташаккули заминаи истеҳсолии иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои рушди минбаъда мусоидат намуд.
Марҳилаи ибтидоии истиқлолият барои иқтисоди миллӣ давраи мураккаби барқарорсозӣ ба ҳисоб мерафт, ки бо тадриҷан барқарор гардидани фаъолияти истеҳсолӣ ва таҳкими институтҳои давлатӣ шароити мусоид барои гузариш ба рушди иқтисодӣ фароҳам омад.
Дар марҳилаи минбаъда сиёсати иқтисодӣ бештар ба рушди истеҳсолот, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори иқтисодӣ равона гардид.
Натиҷаи ин равандро метавон дар рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мушоҳида намуд. Тибқи маълумоти расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2026 нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт 81,7 млрд сомонӣ ва суръати воқеии рушди он 108,2 фоизро ташкил додааст.
Дар шароити муосир саноат яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад, ки тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва зиёд намудани ҳаҷми содирот метавонанд ба диверсификатсияи иқтисодиёт мусоидат намоянд.
Соли 2025 корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони хусусӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 66,7 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Суръати рушди саноат нисбат ба соли қаблӣ 122,1 фоиз ё 22,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, дар соли 2025 ҳаҷми истеҳсол дар саноати истихроҷи маъдан беш аз 20 млрд сомонӣ ва дар саноати коркард 34,6 млрд сомониро ташкил кардааст.
Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки саноатикунонӣ тадриҷан ба яке аз заминаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфта истодааст.
Дар марҳилаи минбаъда рушди иқтисоди миллӣ бояд ба баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, рақобатпазирии истеҳсолот, рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, коркарди амиқи ашёи хом ва афзоиши маҳсулоти дорои арзиши иловашуда равона гардад.
Ҳамзамон, рушди устувор тақозо менамояд, ки рушди иқтисодӣ бо ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамоҳанг бошад.
Дар маҷмӯъ, 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун марҳилаи муҳими ташаккул ва таҳаввули иқтисоди миллии мамлакат арзёбӣ намуд. Дар ин давра иқтисоди миллӣ аз марҳилаи барқарорсозӣ ба марҳилаи рушди истеҳсолӣ ва ташаккули заминаҳои рушди устувор гузаштааст.
Таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, рушди саноат, густариши соҳибкорӣ, афзоиши сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор ва истифодаи самараноки захираҳои миллӣ самтҳои муҳими ин таҳаввулот мебошанд. Аз ин рӯ, дар марҳилаи нави рушди иқтисодӣ афзалият бояд ба диверсификатсияи иқтисодиёт, рушди истеҳсолоти рақобатпазир, рақамикунонӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва рушди сармояи инсонӣ дода шавад.
Ҳамин тариқ, Истиқлолияти давлатӣ на танҳо заминаи ташаккули давлатдории миллӣ, балки омили муҳими ташаккули иқтисоди мустақил ва фароҳамсозии заминаҳои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Раҳматов АБДУМАВЛОН
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон