Маълум аст, ки Истиқлолият барои ҳар як миллату давлат муқаддастарин неъмат ва бузургтарин дастоварди таърихиву ҳаётӣ ба ҳисоб меравад. Зеро истиқлол ба миллат имконият медиҳад, ки сарнавишти хешро мустақилона муайян намояд, арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро ҳифз кунад, давлатдории хешро таҳким бахшад ва барои зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзу фардо заминаи мусоид фароҳам созад. Барои миллати тоҷик, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ва фарҳанги ғаниву тамаддуни бузург мебошад, Истиқлолияти давлатӣ аҳамияти хосса дорад.
Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои қадимаи ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Миллати мо дар тӯли таърих ба тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Осори бостонӣ, шаҳрҳои қадима, илму адаб, меъморӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва осори бузургони миллати тоҷик далели равшани соҳибтамаддун будани миллати мо мебошад. Номи бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Пеш аз ҳама, осори безаволи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абулқосим Фирдавсӣ дар ташаккули забон, худшиносӣ ва фарҳанги мардумони форсизабон нақши бузург гузоштааст.
Бо вуҷуди таърихи пурифтихор, миллати тоҷик дар давраҳои гуногун ба мушкилоту маҳрумиятҳои зиёд рӯ ба рӯ гардидааст. Тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ, ҷангҳо ва дигар воқеаҳои таърихӣ ба ҳаёти мардум таъсири ҷиддӣ расонид. Вале, миллати тоҷик дар ҳама давру замон забон, фарҳанг, расму ойин ва ҳувияти миллии худро ҳифз намуда, барои расидан ба ормони давлатдории мустақил талош варзидааст.
Ниҳоят, ин ормони деринаи миллат амалӣ гардид. Санаи 9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикон ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда сабт гардид. Дар ин рӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон лаҳза Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро пеш гирифт. Истиқлолият барои миллати тоҷик на танҳо як воқеаи сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави таърихӣ, саҳифаи нави ҳаёт гардид.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвари мо осон набуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисод, иҷтимоиёт ва ҳаёти маънавии ҷомеа зарари ҷиддӣ расонид. Сокинон ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ниёз доштанд. Дар чунин шароити душвор ҳифзи давлатдорӣ ва таъмини сулҳу оромӣ вазифаи муҳимтарин гардид. Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи сулҳҷӯёна дар кишвар сулҳу субот барқарор гардид. Ваҳдати миллӣ ба яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлол табдил ёфт ва ин заҳмату талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад!
Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар корҳои созандагиву ободонӣ вусъат пайдо кард Роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гардиданд. Шаҳру ноҳияҳо симои нав гирифтанд. Тоҷикистон қадам ба қадам ба сӯи рушди устувор ҳаракат намуда, ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуд. Мақому манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафт.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол эҳёи худшиносии миллӣ мебошад. Дар шароити соҳибистиқлолӣ имконияти омӯзиш ва эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ бештар гардид. Арҷ гузоштан ба забони давлатӣ, эҳтироми суннату анъанаҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва шинохти мероси таърихиву фарҳангии ниёгон аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ҳисси ватандӯстиву худшиносии ҷавононро тақвият мебахшанд.
Қайд кардан зарур аст, ки забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад. Забон ҳастии миллат ва оинаи таъриху фарҳанги он аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошу кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду густариши забони давлатӣ, ҳифзи мақоми он ва рушди адабиёти тоҷик тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Мо бояд забони модарии худро дӯст дорем, онро поку беолоиш нигоҳ дорем ва барои наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо ба мерос гузорем.
Ногуфта намонад, ки истиқлолият ҳамчунин барои рушди илму маориф ва тарбияи насли наврас имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Имрӯз ҷавонони тоҷик метавонанд дар муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, дониш ва малакаи худро такмил диҳанд. Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва рушди соҳаи илм аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ояндаи ҳар давлат пеш аз ҳама ба дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти насли ҷавон вобаста аст.
Мо бояд дарк намоем, ки истиқлолият танҳо озодии сиёсӣ нест. Истиқлолият масъулияти бузург низ мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд барои ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти Ватан ва ободии ҷомеа саҳми худро гузорад. Муҳаббат ба Ватан бояд на танҳо дар сухан, балки дар амал зоҳир гардад. Ҷавонони босавод, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди худшиносии миллӣ метавонанд Тоҷикистонро дар оянда ба дастовардҳои боз ҳам бузургтар бирасонанд.
Имрӯз, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, бахусус масъалаҳои вобаста ба об, ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим, рӯз аз рӯз бештар гардид. Ин ҳама нишон медиҳад, ки истиқлолият ба Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, то ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои миллии худро ҳимоя намояд.
Истиқлолият барои миллати тоҷик рамзи озодӣ, худшиносӣ, давлатдорӣ ва ояндаи дурахшон мебошад. Он ба мо имконият медиҳад, ки бо ифтихор аз таъриху фарҳанги ниёгони худ ёд кунем ва барои пешрафти Ватан кӯшиш намоем.
Дар фаровард метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин дастоварди миллати тамаддунсози тоҷик мебошад. Он натиҷаи ормонҳои деринаи миллат ва оғози давраи нави давлатдории тоҷикон аст. Ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Тоҷикистони азиз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Мо, бояд ба қадри сулҳу истиқлолият расем, таърихи пурифтихори миллатро омӯзем ва бо дониш, меҳнат ва иродаи қавӣ барои ояндаи дурахшони Ватан саҳм гузорем.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷаста бод, ҳамватанони арҷманд!
35-сафҳаи ифтихор ва саодату давлатсозӣ фархунда бод!
Ҳакимова ГУЛРУХСОР
корманди раёсати кадрҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
