Таъкид намудан зарур аст, ки истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик рӯйдоди бузурги таърихӣ ва оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ба роҳи мустақили рушду давлатдорӣ қадам гузошт. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ зери сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат таҳаввулоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба амал омаданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуда, барои рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаҳои устувор фароҳам овард.
Яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият рушди соҳаи энергетика ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Зеро энергетика ҳамчун яке аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ барои рушди саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои зарурии ҷомеа аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Мавҷудияти дарёҳои пуроб, аз ҷумла Вахш, Панҷ, Зарафшон ва дигар манбаъҳои обӣ имконият медиҳад, ки кишвар неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ нисбатан тоза истеҳсол намояд. Аз ин лиҳоз, рушди энергетикаи обӣ дар сиёсати иқтисодии давлат мавқеи махсус пайдо кардааст.
Ёдрас шудан ба маврид аст, ки дар солҳои аввали истиқлолият соҳаи энергетикаи кишвар бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид. Норасоии неруи барқ, фарсуда шудани таҷҳизот, камбуди маблағгузорӣ ва мушкилоти инфрасохторӣ ба рушди иқтисоди мамлакат таъсири манфӣ мерасонданд. Бо вуҷуди ин, бо гузашти вақт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва бунёди низоми муосири энергетикӣ тадбирҳои пайгирона андешид. Яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар таъмини истиқлолияти энергетикӣ муайян гардид. Дар доираи ин ҳадаф сохтмони неругоҳҳои нави барқии обӣ, таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои мавҷуда, сохтмони зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ оғоз ёфт.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ як қатор иншооти муҳими энергетикӣ сохта ва ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» бо иқтидори 670 МВт, «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 МВт ва Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 400 МВт ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта шуда, инфрасохтори интиқоли неруи барқ васеъ гардид.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об, то соли 2025 дар замони соҳибистиқлолӣ 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи электроэнергетика ба маблағи 2,7 миллиард доллари ИМА амалӣ гардида, боз 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,6 миллиард доллар дар марҳилаи татбиқ қарор доранд.
Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки соҳаи энергетика дар сиёсати рушди иқтисодии кишвар мавқеи калидӣ дорад.
Дар миёни ҳамаи иншооти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон Неругоҳи барқи обии «Роғун» мавқеи махсус дорад. Ин иншооти бузург на танҳо барои таъмини кишвар бо неруи барқ, балки барои рушди иқтисодӣ, саноатикунонӣ ва таҳкими истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад.
16 ноябри соли 2018 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Ин воқеаи муҳим дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, қадами устувор дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ арзёбӣ гардид.
Соли 2019 агрегати дуюми неругоҳ низ ба кор дароварда шуд. Сохтмони «Роғун» то имрӯз идома дорад ва ин иншоот ҳамчун яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои стратегии кишвар бо ҷалби маблағҳои дохилӣ ва дастгирии шарикони байналмилалии рушд бунёд шуда истодааст.
Тибқи маълумоти расмии соли 2026, дар сохтмони «Роғун» ҳазорон сохтмончӣ, муҳандисон ва мутахассисони техникӣ фаъолият доранд. Ҳамасола, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ҳолу аҳволи кормандони НБО “Роғун” хатар мегиранду бо эшон мулоқот намуд, ки ин далели бевоситаи ғаихории Сарвари хирадманди давлат ба интишорот бузурги аср ва соҳа мебошад.
Неругоҳи “Роғун”- ро сокинон ва коршиносон фарзанди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон додаанд, ки ҳақиқати маҳз мебошад. Зеро маҳз бо ташаббусу кӯшишҳои ин марди хирад сохтмони Роғун аз нав оғоз карда шуд.
Неругоҳи «Роғун» дар сурати пурра ба истифода додани иқтидорҳояш метавонад ба яке аз муҳимтарин манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ дар минтақа табдил ёбад. Ҳамзамон, он барои афзоиши имкониятҳои содиротии Тоҷикистон низ замина фароҳам меоварад.
Ногуфта намонад, ки рушди энергетика танҳо бо сохтмони неругоҳҳо маҳдуд намешавад. Барои таъмини боэътимоди аҳолӣ ва корхонаҳо бо неруи барқ, сохтмони хатҳои баландшиддати интиқол ва зеристгоҳҳои муосир низ аҳамияти калон дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои нав сохта шуданд. Аз ҷумла, хатҳои баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ва «Душанбе-Роғун», инчунин як қатор хатҳои 220-киловолта ба истифода дода шуданд. Бунёди чунин инфрасохтор имконият дод, ки низоми энергетикии кишвар тадриҷан муттаҳид ва устувор гардад.
Лоиҳаи «Ҷануб-Шимол» барои таҳкими низоми ягонаи энергетикии мамлакат аҳамияти махсус дорад. Ба вуҷуд омадани чунин шабакаҳо имконият медиҳад, ки неруи барқ аз минтақаҳои истеҳсолкунанда ба минтақаҳои истеъмолкунанда самараноктар интиқол дода шавад.
Рушди энергетика ба пешрафти саноат низ таъсири бевосита мерасонад. Корхонаҳои истеҳсолӣ барои фаъолияти мунтазам ба неруи барқи устувор ниёз доранд. Аз ин рӯ, ҳар қадаре ки истеҳсоли неруи барқ зиёд ва шабакаҳои интиқол муосиртар карда шаванд, ҳамон қадар имконияти рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот фароҳам мегардад.
Истифодаи самараноки захираҳои обу энергетикӣ, кам намудани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир метавонанд барои рушди устувори иқтисодии кишвар заминаи хуб фароҳам созанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имкониятҳои назарраси гидроэнергетикӣ буда, метавонад на танҳо талаботи дохилии худро қонеъ созад, балки дар оянда ҳаҷми содироти неруи барқро низ зиёд намояд.
Дар ин самт татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ аҳамияти калон дорад. Яке аз чунин лоиҳаҳо CASA-1000 мебошад, ки барои интиқоли неруи барқи изофии мавсимӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ равона шудааст.
Ҳамкории энергетикӣ бо кишварҳои минтақа барои Тоҷикистон на танҳо манфиати иқтисодӣ дорад, балки ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории минтақавӣ низ мусоидат менамояд.
Рушди инфрасохтори энергетикӣ ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ метавонад Тоҷикистонро ба яке аз таъминкунандагони муҳими неруи барқ дар минтақа табдил диҳад.
Дар 35 соли давраи истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди энергетика қадамҳои назаррас гузошт. Агар дар солҳои аввали истиқлолият кишвар бо мушкилоти ҷиддии таъминот рӯ ба рӯ буд, имрӯз имкониятҳои энергетикии он ба маротиб зиёд шудаанд.
Бо идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, сохтмони неругоҳҳои нав, рушди энергетикаи офтобӣ ва навсозии шабакаҳои интиқол имкониятҳои энергетикии кишвар боз ҳам васеъ хоҳанд шуд.
Тибқи нақшаҳои расмӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави «Роғун» бояд барои бартараф намудани норасоии мавсимии неруи барқ ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат намояд.
Албатта, рушди минбаъдаи соҳа ҳалли як қатор масъалаҳоро талаб мекунад. Аз ҷумла, кам намудани талафоти неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергия, навсозии шабакаҳои барқӣ, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла энергетика, давраи муҳим ва созанда ба ҳисоб меравад. Дар ин давра дар кишвар неругоҳҳои нави барқи обӣ ва гармидиҳӣ, зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ сохта шуда, иқтидори энергетикии мамлакат афзоиш ёфт.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» имрӯз ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон шинохта мешавад. Идомаи сохтмони он, дар баробари таҷдиди дигар иншооти энергетикӣ, барои ояндаи иқтисодии мамлакат аҳамияти бузург дорад.
Энергетика барои Тоҷикистон танҳо як соҳаи иқтисодӣ нест. Он заминаи рушди саноат, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди минтақаҳо ва таҳкими мавқеи кишвар дар ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки дар давоми 35 соли истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба ҳадафи стратегии худ — истиқлолияти комили энергетикӣ — қадамҳои устувор гузошта шудааст.
35- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷаста бод, ҳамватанони арҷманд!
35-соли созандагӣ, 35 сафҳаи заррини давлатсозӣ хуҷаста бод!
Қозизода КАМОЛИДДИН
декани факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
