Мусаллам аст, ки истиқлолияти давлатӣ барои миллати сарбаланди тоҷик арзиши бузург ва сарчашмаи асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар назди худ вазифаи муҳими бунёди давлати миллӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонии босаодатро гузошт. Ва давра ба давра миллати тоҷик зери сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саодат расиду соҳиби зиндагии воло ва мақоми бузург гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвар марҳилаҳои гуногуни рушди худро паси сар намуда, имрӯз ба яке аз давраҳои муҳими таърихӣ — таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расид.
Яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ соҳаи саноат ба ҳисоб меравад. Дар самти саноат бахши металлургия мавқеи хос дошта, барои рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсолоти ватанӣ ва истифодаи захираҳои табиии кишвар аҳамияти бузург дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои гуногуни маъданӣ, аз ҷумла тилло, нуқра, сурб, руҳ, мис, сурма, симоб, оҳан ва дигар намудҳои ашёи хоми минералӣ мебошад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи истихроҷ ва коркарди металлҳо метавонад дар таҳкими иқтидори саноатии мамлакат нақши муҳим бозад.
Қайд намудан лозим аст, ки Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки сиёсати иқтисодии худро мустақилона муайян намуда, захираҳои табиӣ ва имкониятҳои истеҳсолии худро ба манфиати рушди иқтисоди миллӣ истифода намояд. Дар солҳои аввали мустақилият кишвар бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Коҳиши истеҳсолот, мушкилоти инфрасохторӣ ва дигар омилҳо ба рушди соҳаҳои саноат таъсири манфӣ расониданд. Бо вуҷуди ин, бо фароҳам омадани сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ тадриҷан барои эҳёи иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ин раванд саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои муҳими рушди миллӣ муайян гардид. Таваҷҷуҳ ба рушди саноат имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз содироти ашёи хом тадриҷан ба истеҳсол ва содироти маҳсулоти дорои арзиши иловашуда гузарад. Ин масъала махсусан барои соҳаи металлургия муҳим мебошад, зеро коркарди маъдан дар дохили кишвар метавонад арзиши иқтисодии маҳсулотро зиёд намуда, ҷойҳои нави корӣ ва манбаъҳои иловагии даромадро фароҳам созад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор корхонаҳои саноатӣ бунёд ва корхонаҳои мавҷуда аз нав таҷҳизонида шуданд. Рушди инфрасохтори энергетикӣ, роҳҳо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои хизматрасон низ ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ таъсири мусбат расонид.
Ёдрас шудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои зеризаминӣ кишвари дорои имкониятҳои бою ғанӣ мебошад. Дар қаламрави мамлакат конҳои гуногуни маъданҳои металлӣ ва ғайриметаллӣ мавҷуданд. Қисми муайяни ин захираҳо дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҷойгир буда, барои рушди саноати истихроҷ ва коркард аҳамияти стратегӣ доранд.
Тилло яке аз металлҳои арзишманд ба ҳисоб рафта, истихроҷ ва коркарди он дар иқтисодиёти кишвар мавқеи муҳим пайдо кардааст. Ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои нуқра, сурб, руҳ, сурма ва дигар маъданҳои муҳим кашф шудааст, ки мавҷудияти чунин захираҳо барои рушди соҳаҳои истихроҷ, коркарди маъдан ва металлургияи миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Металлургия танҳо истихроҷи маъдан нест. Ин соҳа занҷираи васеи истеҳсолиро дар бар мегирад: аз корҳои геологӣ ва истихроҷи маъдан то ғанигардонӣ, коркарди ашёи хом, истеҳсоли металл ва маҳсулоти тайёри металлӣ. Аз ин лиҳоз, метавон чунин арзёбӣ намуд, ки рушди металлургия метавонад ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт низ таъсири мусбат расонад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи металлургия дар кишвар тадриҷан рушд намуда, корхонаҳои нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Яке аз намунаҳои муҳими рушди саноати металлургии кишвар фаъолияти корхонаҳои коркарди маъданҳои металлӣ ва истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ мебошад.
Корхонаҳои соҳа дар баробари истихроҷ ва коркарди ашёи хом ба рушди иқтисоди минтақаҳои ҷойгиршавии худ низ мусоидат мекунанд. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохтор, баланд гардидани талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ, сохтмонӣ ва техникӣ аз ҷумлаи натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ мебошанд.
Аз нуқтаи назари иқтисодӣ, рушди металлургия барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва зиёд намудани даромади буҷети давлатӣ аҳамияти калон дорад. Илова бар ин, маҳсулоти металлургӣ метавонад дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ талаботи муайян дошта бошад. Бо зиёд намудани коркарди ашёи хом дар дохили кишвар имконият пайдо мегардад, ки қисми бештари арзиши иловашуда дар иқтисодиёти миллӣ боқӣ монад.
Дар баробари ин, рушди соҳаи металлургия ба омода намудани кадрҳои баландихтисос низ ниёз дорад. Барои фаъолияти муосири корхонаҳои металлургӣ мутахассисони соҳаҳои металлургия, геология, химия, энергетика, механика, автоматика ва технологияҳои иттилоотӣ заруранд. Аз ин лиҳоз, метавон чунин арзёбӣ намуд, ки рушди саноат бо рушди маориф ва тайёр кардани кадрҳои касбӣ робитаи мустақим дорад.
Яке аз ҳадафҳои муҳими рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати мамлакатамон мебошад. Дар ин раванд металлургия метавонад ҳамчун яке аз соҳаҳои калидӣ дониста шавад.
Саноати металлургӣ бо бисёр соҳаҳои дигар робитаи зич дорад. Барои фаъолияти корхонаҳои металлургӣ неруи барқ, техника, нақлиёт, таҷҳизоти саноатӣ ва хизматрасониҳои гуногун зарур мебошанд. Аз ин рӯ, рушди як корхонаи металлургӣ метавонад ба фаъолияти даҳҳо корхона ва муассисаҳои дигар таъсир расонад.
Ҳамзамон, рушди металлургия барои афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ мусоидат менамояд. Агар ашёи хом дар дохили кишвар бештар коркард шуда, ба маҳсулоти дорои арзиши баландтар табдил дода шавад, имконияти зиёд намудани даромад аз содирот бештар мегардад.Тавре дар боло гуфтем, ин раванд метавонад ба таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат намояд…
Таъкид намудан ба маврид аст, ки 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони шарафманди кишвар на танҳо як санаи муҳими таърихӣ, балки фурсати арзёбии дастовардҳо ва муайян намудани ҳадафҳои минбаъдаи рушди мамлакат мебошад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, сохтмон, кишоварзӣ ва саноат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар ин замина рушди металлургия низ метавонад яке аз самтҳои муҳими марҳилаи минбаъдаи саноатикунонии кишвар бошад.
Дар оянда таваҷҷуҳ ба таҳқиқоти геологӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди корхонаҳои коркарди маъдан, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад имкониятҳои нави рушди металлургияи миллӣ арзёбӣ шавад.
Ба истифода додани Комбинати металлургии Тоҷик дар маҳаллаи Шоҳқадамчашма аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон марҳилаи нави рушди соҳаи металлургия дар кишвар арзёбӣ намуд. Зеро бо пурра ба кор даромадани ин корхонаи металлургӣ имконияти нави рушди соҳа ва омодасозии мутахассисони варзидаи соҳа фароҳам оварда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун ягона муассисаи омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия фаъолият менамояд, ки дар оянда метавонад садҳо корхонаҳои саноатиро бо муҳандисони варзидаи забондон таъмин намояд. Донишкада кӯҳию металлургии Тоҷикистонро имрӯз метавон яке аз ҳиссагузорони асосӣ дар рушди соҳаи саноат аз ҷумла самти металлургия арзёбӣ намуд.
Мавҷудияти захираҳои гуногуни маъданӣ, рушди инфрасохтор, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва таваҷҷуҳ ба саноатикунонӣ барои пешрафти металлургия заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд. Ин соҳа метавонад дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, рушди минтақаҳо ва афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ саҳми назаррас гузорад.
Дар баробари ин, рушди минбаъдаи металлургия бояд ба истифодаи технологияҳои муосир, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, коркарди бештари ашёи хом дар дохили кишвар ва ҳифзи муҳити зист асос ёбад.
Имрӯз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун рамзи пешрафт, созандагӣ ва боварӣ ба оянда арзёбӣ намуд. Зеро маҳз дар ҳамин давра миллати тоҷик ба саодат расид, корхонаҳои зиёди саноатӣ ба истифода дода шуд ва дар умум тамоми соҳаҳо рушд намуд.
Ин давраро метавон давраи тиллоӣ миллали тоҷик унвон дод!
35- соли созандагӣ хуҷаста бод ҳамватанони арҷманд!
Истиқлолияти давлатӣ поянда бод!
Раҳимзода ШУКРИНИСО
декани факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
