ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ

Таъкид намудан зарур аст, ки дониш яке аз бузургтарин неъматҳои инсонӣ ба шумор меравад. Инсон ба воситаи дониш ҷаҳони атрофро мешиносад, роҳи дурусти зиндагиро меёбад ва барои ободии ҷомеа саҳм мегузорад. Беҳуда нест, ки бузургони илму адаби тоҷик донишро ба чароғе монанд кардаанд, ки роҳи инсонро дар торикии ҷаҳолат равшан менамояд. Мақсади шоир ҳам аз гуфтани «Дониш андар дил чароғи равшан аст!» низ дар ҳамин аст, ки дониш дар қалби инсон равшанӣ, дар андеша ақл ва дар зиндагӣ роҳи дурустро роҳнамоӣ менамояд.
Маълум аст, ки аз даврони қадим мардуми тоҷик ба илму дониш эҳтироми бузург доштанд. Дар сарзамини мо олимон, шоирон, файласуфон ва донишмандони зиёде ба камол расидаанд, ки осори онҳо имрӯз низ барои тамоми башар аҳамияти калон дорад. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад Хоразмӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон бо дониш ва хиради худ ба таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд. Мероси онҳо нишон медиҳад, ки миллати мо аз замонҳои қадим ба донишомӯзӣ ва маърифат арҷ мегузошт.
Дониш инсонро аз ҷаҳолат раҳо мекунад. Шахсе, ки дониш дорад, метавонад хубро аз бад, ҳақиқатро аз дурӯғ ва роҳи дурустро аз роҳи нодуруст фарқ кунад. Ҷаҳолат бошад, инсонро ба гумроҳӣ мебарад. Агар инсон кӯшиш накунад, ки дониши худро зиёд намояд, ҷаҳонбинии ӯ маҳдуд мемонад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд аз давраи кӯдакӣ ба омӯзиш шавқу рағбат дошта бошад.
Ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур масоили соҳаи маориф, пешрафту рушд ва ояндаи соҳа, ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ояндаи насли наврас ва дастовардҳои замони истиқлол баррасӣ карда шуд. Сарвари маорифпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бениҳоят зиёд зоҳир менамоянд ва ҳамин аст, ки дар кишвари азизамон ҳамасола садҳо мактабу биноҳои таълимӣ сохта ба истифода дода мешавад. Мактаб яке аз муҳимтарин ҷойҳоест, ки инсон дар он дониш меомӯзад. Омӯзгорон ба шогирдон на танҳо хондану навиштан, балки тарзи фикр кардан, андешидан, эҳтироми дигарон ва дӯст доштани Ватанро низ меомӯзонанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвари азизамон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои донишомӯзӣ хеле зиёд гардид. Агар қаблан, барои гирифтани маълумот инсон бояд ба китобхона мерафт ва китобҳои зиёдеро мутолиа мекард, имрӯз тавассути технологияҳои иттилоотӣ ба донишҳои гуногун дастрасӣ пайдо кардан мумкин аст. Интернет, китобҳои электронӣ, дарсҳои онлайнӣ ва барномаҳои таълимӣ имкониятҳои нав мебошад, ки ҳоло фароҳам оварда шудааст. Аммо истифодаи технология низ бояд оқилона бошад. Ҳар маълумоте, ки дар интернет ҷойгир шудааст, ҳатман дуруст нест. Аз ин рӯ, инсон бояд қобилияти таҳлил кардан, муқоиса намудан ва сарчашмаи боэътимодро шинохта тавонад.
Дониш танҳо азёд кардани маълумот нест. Дониш пеш аз ҳама қобилияти дуруст истифода бурдани маълумот ва ба кор бурдани он дар ҳаёти воқеӣ мебошад. Масалан, шахсе метавонад қоидаҳои зиёди тиббиро донад, вале агар онҳоро дар амал дуруст истифода бурда натавонад, дониши ӯ фоидаи кам дорад. Ё донишҷӯ метавонад формулаҳои зиёди математикаро аз ёд кунад, аммо муҳим он аст, ки ӯ моҳияти онҳоро фаҳмад ва ҳангоми ҳалли масъала истифода бурда тавонад. Пас, дониш бояд бо фаҳмиш, таҷриба ва амал пайваст бошад.
Дониш дар ташаккули ахлоқи инсон низ нақши муҳим дорад. Шахси донишманд бояд ҳамзамон инсони боодоб, меҳрубон, ростқавл ва масъулиятшинос бошад. Агар дониш бе ахлоқ истифода шавад, он метавонад ба ҷойи фоида зарар расонад. Аз ин рӯ, мақсади асосии дониш бояд хизмат ба инсон, ҷомеа ва Ватан бошад. Донишманди ҳақиқӣ на танҳо барои худ, балки барои пешрафти дигарон низ кӯшиш мекунад.
Ҷавонон ҳамчун ояндаи ҷомеа бояд ба донишомӯзӣ диққати махсус диҳанд. Замони мо давраи пешрафти босуръати илм ва техника мебошад. Касе, ки дониш ва малакаи хуб дорад, метавонад дар зиндагӣ имкониятҳои бештар пайдо кунад. Барои ин ҳар як ҷавон бояд вақти худро дуруст истифода барад, бештар китоб хонад, забонҳои хориҷӣ омӯзад, аз технологияҳои муосир самаранок истифода намояд ва ҳамеша барои такмили дониши худ кӯшиш намояд.
Дониш ҳамзамон, инсонро ба меҳнатдӯстӣ ва масъулият водор мекунад. Вақте инсон мефаҳмад, ки барои расидан ба ҳадаф бояд заҳмат кашад, ӯ аз душвориҳо наметарсад. Ҳар як дастоварди бузург натиҷаи меҳнати зиёд, сабр ва омӯзиши пайваста мебошад. Олимон, табибон, омӯзгорон, муҳандисон ва дигар мутахассисони муваффақ солҳои зиёд дониш омӯхта, таҷриба андӯхтаанд. Аз ин рӯ, касе, ки мехоҳад дар соҳаи худ муваффақ гардад, бояд аз омӯзиш ҳаргиз даст накашад.
Мусаллам аст, ки барои мо тоҷикон дониш аҳамияти махсус дорад, зеро таърихи миллат бо номи донишмандони бузург пайванди ногусастанӣ дорад. Мо бояд аз мероси илмӣ ва фарҳангии гузаштагони худ ифтихор кунем, аммо танҳо бо ифтихор маҳдуд нашавем. Зарур аст, ки анъанаи донишомӯзиро идома диҳем ва ба насли наврас барои гирифтани таҳсилоти босифат шароити хуб фароҳам созем. Ҳар як ҷавон бояд дарк кунад, ки ояндаи миллат аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти созандаи ӯ вобаста аст.
Дар зиндагӣ инсон бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешавад. Дар чунин ҳолатҳо дониш метавонад ба ӯ ҳамчун чароғ роҳ нишон диҳад. Шахси донишманд пеш аз қабули қарор оқибатҳои онро меандешад, таҷрибаи дигаронро ба назар мегирад ва роҳи оқилонаро интихоб мекунад. Аз ин ҷиҳат, дониш на танҳо барои гирифтани касбу ихтисос, балки барои дуруст зиндагӣ кардан низ зарур аст.
Ҳар як инсон бояд омӯзишро танҳо бо гирифтани шаҳодатнома ё диплом ба охир нарасонад. Омӯзиш раванди беохир аст. Ҷаҳон ҳамеша тағйир меёбад ва донише, ки имрӯз кофӣ менамояд, метавонад фардо навсозӣ шавад.
Дониш инсонро аз ҷаҳолат дур намуда, ба сӯи маърифат, некӣ ва пешрафт раҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд илму донишро дӯст дорем, китоб хонем, аз омӯзгорон сабақ гирем ва барои зиёд намудани маърифати худ пайваста кӯшиш намоем.
Ҳар қадаре ки инсон донишмандтар шавад, ҳамон қадар ҷаҳонро беҳтар мефаҳмад ва масъулияти худро дар назди ҷомеа бештар эҳсос менамояд. Дониш чароғест, ки роҳи инсонро дар зиндагӣ равшан месозад. Агар ин чароғ дар қалби ҳар як ҷавон фурӯзон бошад, ояндаи миллат низ равшан ва дурахшон хоҳад буд.
Асомиддин Саидов
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон