Дар маҷаллаи Ассотсиатсияи байналмилалии об “The Source”, ки дар зиёда аз 170 давлати дунё паҳн мегардад, мақолаи олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Розиқов Зафар ва дотсент Ҳоҷибоев Далер таҳти унвони “ДКМТ : Тақвияти ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар бахши об” ба нашр расидааст. Дар мақолаи мазкур аз саҳми Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳалли ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти об гуфта шудааст.
Таъкид намудан зарур аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши масъалаҳои обу иқлим, таҳлили обҳои зеризаминӣ, маълум сохтани оби тозаи ошомиданӣ, манофеъ ва ҳолати дастрасии оби чашмаҳо, омӯзиши манбаъҳои барқароршавандаи об, таҳлили амиқи обҳои партовгоҳҳои саноатӣ олимону пажӯҳишгарон дар кафедраҳои фанҳои табиӣ-илмӣ, экология ва Юнеско дар назди ДКМТ машғул ба пажӯҳиш ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши масъалаҳои об дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон беҳтарин озмоишгоҳҳои таҳлилӣ ва омӯзиши об бо фарогирии пешрафтатарин таҷҳизот таъсис дода шудааст.
Олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар самти таҳқиқи масоили об, амалӣ намудани ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт хеле фаъол буда, дар ин ҷода чандин лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намудаанду бо созмонҳои ҷаҳонии бонуфузи об ҳамкории мустақим доранд. Метавон гуфт, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз фаъолтарин муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои таҳқиқи масоили обу иқлим кор мекунаду дар ин раванд аз аввалинҳо мебошад.
Бояд таъкид сохт, ки нашри чунин як мақолаи илмӣ дар бораи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалӣ далели эътирофи кори олимони Донишкада ва эътибори баланди ДКМТ мебошад.
Шуъбаи иттилоот

