ШИРКАТИ РЕКТОР ВА ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРИЮ ОМӮЗГОРИИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ омӯзгорон аз гӯшаву растаҳои деҳқонону соҳибкорон ва ҳунармандон дидан намуданд.