МАОРИФ —АСОСИ ПЕШРАФТ ВА МУВВАФАҚИЯТ

Маориф яке аз муҳимтарин рукнҳои рушди ҷомеа ва пояи асосии пешрафти ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Дар ҷаҳони муосир, ки илму технология бо суръати баланд рушд мекунад, танҳо он миллатҳое метавонанд ба пешрафт ноил гарданд, ки ба таълиму тарбия ва рушди неруи зеҳнии шаҳрвандони худ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳанд. Маориф на танҳо воситаи омӯзиши дониш, балки омили ташаккули шахсияти комил, ҷаҳонбинии васеъ, ахлоқи ҳамида ва масъулиятшиносии инсон мебошад.
Аз замонҳои қадим бузургони илму адаб донишро ҳамчун чароғи роҳи зиндагӣ ситоиш намудаанд. Беҳуда нест, ки мегӯянд: «Илм чароғи ақл аст». Шахсе, ки дониш ва маърифат дорад, метавонад дар ҷомеа мавқеи арзанда пайдо намуда, барои пешрафти Ватан ва беҳбудии зиндагии худ саҳми босазо гузорад.
Пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як кишвар пеш аз ҳама ба сатҳи маърифати инсон ва рушди соҳаи маориф вобаста мебошад. Мактабҳо, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ мутахассисони соҳибкасбро тарбия мекунанд, ки онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолият менамоянд.
Имрӯз кишварҳое, ки сатҳи баланди маориф доранд, аз ҷиҳати иқтисодӣ низ пешрафтаанд. Онҳо ба рушди илм, технология, тиб, саноат ва дигар бахшҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бо истифода аз донишҳои нав зиндагии мардумро беҳтар месозанд. Аз ҳамин ҷост, ки мегӯянд, “сармоягузорӣ ба соҳаи маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад”.
Ҷомеаи босавод метавонад бо мушкилоти замони муосир мубориза барад, навовариҳоро қабул намояд ва барои рушди устувори кишвар замина фароҳам созад.
Ҳар як инсон бо шарофати дониш метавонад ба орзуҳои худ бирасад. Маориф ба инсон имконият медиҳад, ки касби дӯстдоштаи худро интихоб намуда, қобилият ва истеъдоди худро рушд диҳад. Шахси соҳибмаълумот дар бозори меҳнат рақобатпазир буда, метавонад зиндагии шоиста ва мустақилона дошта бошад.
Ғайр аз ин, маориф инсонро ба фикррониву таҳлил, эҷодкорӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми қонун ҳидоят мекунад. Инсоне, ки донишманд аст, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хуб дарк намуда, барои ободии ҷомеа саҳм мегузорад.
Имрӯз муваффақият танҳо бо қувваи ҷисмонӣ ба даст намеояд, балки дониш, малака ва қобилияти истифодаи технологияҳои нав нақши ҳалкунанда доранд. Аз ҳамин сабаб ҷавонон бояд пайваста дониш омӯзанд ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.
Омӯзгор яке аз шахсиятҳои муҳим дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз ӯ дар дили шогирдон меҳри дониш, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва фарҳанги баландро ҷой медиҳад. Агар омӯзгор соҳибдониш, масъулиятшинос ва эҷодкор бошад, метавонад насли босаводу ватандӯстро тарбия намояд.
Кори омӯзгор танҳо ба дарс додан маҳдуд намешавад. Ӯ роҳнамо, тарбиятгар ва намунаи ибрати хонандагон аст.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва муҳайё намудани шароити хуб барои фаъолияти онон яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад.
Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Ояндаи ҳар як давлат аз дониш, малака ва ҷаҳонбинии ҷавонони он вобаста аст. Имрӯз, ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода намуда, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва касбҳои замонавиро омӯзанд.
Ҳамзамон, онҳо бояд фарҳанги миллӣ, таърих ва арзишҳои маънавии худро низ ҳифз намоянд. Танҳо дар сурати пайвастани донишҳои муосир бо арзишҳои миллӣ метавон ҷомеаи пешрафта ва устувор бунёд кард.
Дар кишвари мо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, баланд бардоштани сифати таҳсил ва дастгирии омӯзгорону хонандагони болаёқат аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои рушди соҳа амалӣ мешаванд.
Ҳадафи асосӣ ин тарбия намудани насли соҳибмаърифат, ватандӯст, соҳибкасб ва рақобатпазир мебошад, то онҳо тавонанд дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Дар умум метавон чунин хулоса намуд, ки маориф воқеан асоси пешрафт ва муваффақият мебошад. Бе дониш ва маърифат на инсон метавонад ба қуллаҳои баланд бирасад ва на ҷомеа метавонад тараққӣ ёбад. Пешрафти илму техника, рушди иқтисодиёт, суботи ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум ҳама аз сатҳи рушди маориф вобаста аст.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд омӯзиши илмро вазифаи муқаддаси худ донад, ба омӯзгорон эҳтиром гузорад ва барои баланд бардоштани сатҳи дониш пайваста талош намояд. Зеро ояндаи дурахшони миллат аз мактаб, китоб ва дониш оғоз меёбад. Маориф на танҳо сарвати инсон, балки сарвати бузургтарин ва пойдортарини ҳар як миллат мебошад.
Асомиддин Саидов
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон