УНВОНИ ДОТСЕНТӢ МУБОРАК БОШАД УСТОД ҚОЗИЗОДА КАМОЛИДДИН!

Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон устоди варзида, олими меҳандӯст, собиқадори Донишкада, декани факултети электромеханика омӯзгори асил Қозизода Камолиддинро бинобар сазовор гардидан ба унвони дотсентӣ, ки Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, табрику таҳният намуда, барояшон дар фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ барору комёбиҳои нав ба навро таманно менамояд.
Ёдрас мешавем, ки Қозизода Камолиддин аз омӯзгорони варзида ва собиқадори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буда, дар рушди Донишкада, такмили сохтор ва таъсиси як силсила шуъбаву кафедраҳои он саҳми арзишманд гузоштаанд.
Қозизода Камолиддин дар тарбияи насли ҷавон, омӯзгорони ҷавон нақши муассир гузоштаанд.
Бори дигар устод Қозизода Камолиддинро ба ин дастоварди илмӣ табрику таҳният гуфта, барояшон саодатмандӣ ва муваффақият таманно менамоем.
Устод дастоварди илмӣ, унвони дотсентӣ хуҷаста бод!