Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳа дар соли 2026 ҷаласа бо ширкати кормандон ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, сараввал ҳамагонро ба қабули Қатъномаи СММ оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, табрику таҳният гуфта, ин рӯйдодро падидаи муҳими таърихӣ ва саҳифаи нави сиёсати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, сипас роҷеъ ба фаъолияти шашмоҳа, корҳои анҷомдодашуда, навгониҳо, ҳавасмандгардониҳо, нақшаи минбаъда, сохтори нави Донишкада, стратегияи рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ сардори раёсати таълим Осими Оқил оид ба фаъолияти раёсати таълим дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ гузориш дод.
Сипас, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон оид ба сохтори илм, робитаҳои байналмилалӣ ва инноватсия ва корҳои анҷомшуда дар ин самт ҳисобот дод.
Ҳамзамон, дар ин ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид оид ба самти тарбия ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт дар Донишкада ҳисобот дод.
Ҳамзамон, дар маҷлиси имрӯза, деканҳои факултетҳо ҳисобот доданд.
Таъкид карда шуд, ки барои тамоми олимони фаъол, омӯзгорони пешқадаме, ки сарбории илмӣ ва таълимиро зиёд иҷро кардаанд, бо маблағҳои махсус ҳавасманд карда шаванд. Онҳое, ки шогирдонро барои иштирок дар олимпиадаҳо омода мекунанд, бо маблағҳои махсус ҳавасманд карда мешаванд.
Давлатзода Давлат ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои воло, нақшаву чорабиниҳо, ба масъулин машваратҳо дода, изҳор дошт, ки мо бояд ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони варзидаи соҳаро тарбия намуда, соҳаи саноатро бояд пеш барем.
Шуъбаи иттилоот






