БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН ЗЕРИ РОҲБАРИИ ДОТСЕНТ ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ

Дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид, ки дар он ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ва дигар аъзои Шуро олимону профессорон ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шуро масъалаҳои мубрами соҳаи таълим, тақсимоти сарборӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорон, баланд бардоштани маоши омӯзгорон, таъсиси Шурои диссертатсионӣ, ҳисоби кредитҳо, тасдиқи харҷномаи Донишкада, баргузории озмун барои ҷойҳои холӣ ва додани унвони профессори фахрӣ ба омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Зиёмиддинов Баҳодур баррасӣ карда шуд.
Оид ба масъалаҳои мазкур сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори раёсати молия ва ҳисобдорӣ Садикова Наргис ва котиби Шурои олимон Ҷалолова Зуҳрохон гузориш доданд.
Дар қисмати мубоҳиса ва баррасии масъалаҳо муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, профессор Ҳоҷизода Саидмуқбил, профессор Розиқов Зафар, профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Ҷуразода Шуҳрат ва ҳуқуқшиноси Донишкада Қаноатова Гулнора андешаҳои хешро иброз доштанд.
Давлатзода Давлат ҳамчун раиси Шуро ва аз олимони ҷавон таъкид намуд, ки ҳар қадар мо омӯзгорону кормандонро дастгирӣ намоем, шароит фароҳам оварем ҳамон қадар зудтар сифати таълим баланд мегардад.
Дар фарҷоми ҷаласа ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат аз кулли ҳозирин даъват ба амал овард, ки барои рушди Донишкада кӯшиш намоянд ва имкониятҳои хешро сафарбар созанду шогирдонро тарбия кунанд.
Шуъбаи иттилоот