Имрӯз, бо ташаббуси ректори ҷавону умедбахш ва меҳнатдӯсту масъулиятшиноси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат дар яке аз бонуфузтарин толори шаҳр ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон таҳкимбахши сулҳу субот дар ҷаҳони муосир” бо ширкати намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада баргузор гардид.
Дар ҳамоиш сараввал ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ҳозиринро ба қабули Қатъномаи СММ оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” табрику таҳният гуфта, сипас дар мавзуи “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ШАХСИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУЛҲОВАРИ САТҲИ ҶАҲОНӢ” маърузаи илмӣ намуд.
Мавсуф, изҳор дошт, ки Дар моҳвораи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷиро бар асоси сулҳҷӯӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ тавассути муколама ба роҳ мондааст. Дар ин замина, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро соҳиб гардидаанд.
Яке аз дастовардҳои муҳими дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қатъномаи СММ оид ба эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад. Ин ташаббус бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, аҳаммияти бузурги сиёсиву байналмилалӣ дорад. Қатъномаи мазкур 25-уми июни соли 2026 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид ва ба таҳкими сулҳ, густариши равобити дӯстонаву ҳасана, тавсеаи муколама дар ҳалли низоъҳо, оштӣ ва ҳамбастагии байни наслҳо равона гардидааст ва умед аст, баҳри ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ҳуҷҷати тақдирсоз гардад.
Лозим бар таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз касби истиқлол марҳилаи душвори таърихиро паси сар намуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба кишвар хисороти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ расонид. Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ хеле мураккаб гардида буд. Зиндагӣ ва фаъолият душвор ва сангин гардида буд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, бо талошҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардуми тоҷик дар кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардида, марҳилаи нави кору зиндагӣ ва тараққиёт оғоз гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори амнтарин кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ мегардад, ки ин ҳама самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ногуфта намонад, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ё худ формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчун намунаи ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Дар ин чанд соли охир, Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташаббусҳои созандаро дар масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими сулҳ пешниҳод намуда, аз минбарҳои байналмилалӣ ҷонибдори ҳамкории солими байни давлатҳо ва сулҳу осоиштагӣ мебошад.
Қатъномаи мазкур бори дигар аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак дода, собит месозад, ки як шахсияти башардӯст метавонад чӣ хел нақши муассир дар тақдири башарият гузорад. Ин ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар насли башар мебошад, ки аз ҳикмати волои миллати тамаддунофари тоҷик сарчашма мегираду меҳвараш сулҳу дӯстӣ ва инсони комилу худшинос сохтан аст ва ин ҳам ба хотири бунёди ҷомеаи солим дар моварои ҷаҳон мебошад. Метавон чунин арзёбӣ намуд, ки ин қатънома аз сиёсати инсондӯстона ва сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегираду ҳадафаш сохтани ҷаҳони орому осоишта ва пешрафтаву инсонсоз мебошад.
Қабули ин Қатънома моро водор месозад, то дар ҳалли масоили байналмилалӣ бетараф набошему ҳикмати волои сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ созем…
Ҳамчунин, дар ҳамоиши муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода дар мавзуи “Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳали ҷаҳониён аз мушкилоту низоъ”, сардори шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон М. Саидов дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон кафили сулҳу суботи башарӣ”, муовини декани факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Холова Фахринисо дар мавзуи “Сулҳ эҳтиром бар шаъну шарафи инсон” маъруза намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ профессор Розиқов Зафар ва дигар олимон изҳори андеша намуданд.
Дар фарҷом, ректори Донишкада олими меҳандӯст ва маорифпарвар Давлатзода Давлат ба кулли ҳозирин ҷиҳати муколама ва мубоҳисаи илмӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид кард, мо бар он умед мебандем, ки ҷомеа ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масрур гардида, онро самаранок истифода менамоянд.
Шуъбаи иттилоот






