Пешвои миллат- меъмори сулҳу ваҳдат

Имрӯз ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳимими ҷомеаи мо табдил ёфтааст ва масъалаи ваҳдати ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат  ва ҳар як ҷомеа  қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта  мардуми Тоҷикистон  ин арзиши миллиро  ҳамеша гироми медоранд  ва онро ҳифз мекунанад аз баракату сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти  бо суботи кишвар  ободониву созандагии ватан  ва зина ба зина  беҳтар гардонидани  сатҳу сифати зиндагии  мардум дар доираи  чор ҳадафи стратегии миллӣ  муайян ва муттахид намудем. Ки имрӯз  бо дастгирии самимона  ва  саъю талоши  ватандӯстонаи  халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо  бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.  Эмомалӣ Раҳмон

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.

Дар таърихи давлатдории олам шахсиятҳои  бузургии сиёсатмадор  ва сарварони хирадманди  маъмулу машҳуранд, ки  бо истеъдоди идоракунӣ  мамлакати худ ва бунёд намудани  як  ҷомеаи ободу амн  ва пешрафта, ки ҳадафи ниҳоии он   зиндагии шоиставу накӯ ва шукуфоии ватан  ба шумор меравад  нақши муасиру  мондагор гузоштанд. Яке аз чунин шахсиятҳои таърихи ва   абармарди  хирадманди халқи тоҷик  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки   миллати тоҷикро бо сиёсати хирадмандонаи хеш ба арсаи ҷаҳон  муарифи намуд.  Тавонист Тоҷикистонро  ба  як давлати пешрафта соҳибистиқлол ва дорои сулҳу ваҳдати   поянда  табдил диҳад.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоқик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”. Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷӣ кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Чун як фарзанди бонангу номуси миллат, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор менамоям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳади бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

Вахдат калимаест, ки бо маънию охангаш шахсро ба  ягонагӣ ва  муттаҳидӣ  даъват  мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онхо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд.   Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.

Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулх аст, амонию баракат низ он ҷост. Пас аз истиқлолияти кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷик ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист хаёти осоиштаро барқарор созад. Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27- июн Рӯзи Вахдати миллӣ эълон шуд.

Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу вахдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халқамон ин ваҳдат ва яонагист. Вазифаи мост, ки ин ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба фарзандони муттаҳид ниёз дорад, Тоҷикистон аз имрӯз низ бештар ободу зеботар хоҳад шуд.

Хулоса, ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу вахдат аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу вахдат пойдор аст, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Имруз бо ифтихор қайд мекунам, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷахон омӯхта истодаанд.

Вахдати миллӣ шукуфоии Ватан мебошад. Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.

Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфаҳму покзинату миллатдӯст будан.

Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Точикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеъ ва  мақоми онро дар миқёси чаҳон овозадор менамояд. Имруз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфахмӣ истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танхо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решай он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Точикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Хақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфнд, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Президенти кишварамон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Юсупова Саноат 

ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон