«Маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот мо тавонистем кишвари худро аз буҳрони шадид раҳо намуда, ба роҳи рушди устувор ҳидоят намоем».
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини ҳар давлат ва миллат мебошад. Он рамзи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардум аст. Маҳз бо шарофати ваҳдат ҷомеа сулҳу субот пойдор гардида, барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам меояд.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27- июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд.
Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеӣ мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд.
Умри неки ҷовидон аз ваҳдат аст,
Шодии пиру ҷавон аз ваҳдат аст.
Меҳани ободу зебои маро,
Ифтихору шаъну шон аз ваҳдат аст.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, он рӯз то рӯз зебову назаррабо гардида, аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад.
Сулҳу ваҳдат ибораҳое мебошанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ – таҷассумгари оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагии мардум мебошад. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон қайд намуданд, ки “Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”
Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо дар сурати Ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рузгори мардум ру ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ру меорад. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Имрӯз иттифоқ будани миллати тоҷик, пешравии кишвари биҳиштосои мо, меҳмоннавозии халқи инсондӯсти мо мамлакатҳои бурунмарзиро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад, ки ин ҳам аз ваҳдату ягонагии мо, самимӣ будани мо нисбат ба Ватан ва Роҳбари воломақом гувоҳӣ медиҳад. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ваҳдати имрӯзи мо ниҳоят бузург ва беҳамто аст. Мо, ҳамагон шоҳид ҳастем, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, давлатҳои аз лиҳози сохтори сиёсӣ куллан мустақил ба вуҷуд омаданд, ки дар назди онҳо вазифаҳои ниҳоят муҳимму тақдирсоз, ҳамаҷониба мустаҳкам ва қавӣ гардонидани истиқлоли ба даст омада меистод. Маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо хотираи ҷангҳо ва дастовардҳои гузашта аст, балки тасдиқи талошҳои дастаҷамъонаи сокинони кишвари азизамон барои бунёди миллати осоишта ва ягона мебошад. Он шаҳодат рӯҳияи тағйирнопазири ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ мебошад, ки роҳи Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи дурахшон муайян мекунад.Да Тоҷикистони азизӣ аз хурд то бузург шукри ваҳдат, шукри давлат, шукри миллат, шукри обу хоки меҳан мекунанд.
Ҳар касе бар қадри ваҳдат мерасад,
Ӯ ба иқболи саодат мерасад.
Имрӯз ваҳдати миллӣ ба пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар мусоидат мекунад. Сохтмони роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншоооти муҳим дар фазои сулҳу субот амалӣ мегардад. Ҷавонон низ бояд арзиши ваҳдатро дарк намуда, барои ҳифз ва таҳкими он саҳм гузоранд.
Мо ҳамеша аз сулҳу Ваҳдати миллӣ ифтихор карда, тамоми кӯшиши худро бар он равона мекунем, ки сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон поянда бошад. Ҳифзи ин неъмати бузург вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Силмонова Сурма
омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
