ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ буда, ҳамчун пояи асосии сулҳу субот, ягонагӣ ва пешрафти давлат хизмат мекунад. Маҳз дар фазои ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист аз буҳронҳои душвори таърихӣ гузашта, ба марҳалаи нави рушд ворид гардад ва дар соҳаҳои иқтисод, маориф, илм ва инфрасохтор пешрафтҳои назаррас ба даст орад. Ваҳдати миллӣ танҳо набудани низоъ нест, балки низоми устувори ҳамзистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳамкории созандаи тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.
Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, заминаи устувор барои рушди ҳамаҷонибаи давлат фароҳам омад. Дар натиҷаи ҳамин сиёсати созанда Тоҷикистон имрӯз ба сӯи ҷомеаи муосир, рақамӣ ва инноватсионӣ қадам мегузорад.
Дар шароити ҷаҳони муосир зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз муҳаррикҳои асосии рушди илм, иқтисод ва технология эътироф гардидааст. Он имконият медиҳад, ки равандҳои идорӣ ва истеҳсолӣ самаранок гарданд, маълумотҳо бо дақиқӣ таҳлил шаванд ва қарорҳои дурусту босуръат қабул карда шаванд. Зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, геология, энергетика ва идоракунии давлатӣ нақши муҳим мебозад ва заминаи гузариш ба иқтисодиёти донишбунёдро фароҳам месозад.
Идомаи мантиқии ин сиёсати созанда қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад, ки 25 июли соли 2025 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин қатънома саҳми муҳими Тоҷикистонро дар ташаккули рӯзномаи байналмилалии зеҳни сунъӣ инъикос намуда, барои густариши ҳамкории илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар чунин шароити мусоиди илмӣ Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон татбиқи амалии сиёсати давлатии рушди зеҳни сунъиро ба роҳ мондааст. Дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ, махсусан аз ҷониби факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав, роботи интеллектуалии насли нави Unitree Go2 ба раванди таълим ҷорӣ гардид. Қобили зикр аст, ки ин нахустин роботи интеллектуалии чунин сатҳ дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
Ин робот бо технологияҳои муосири зеҳни сунъӣ, сенсорҳои дақиқ, камераҳои пешрафта ва низоми лидар муҷаҳҳаз буда, имконияти таҳлили муҳити атроф, сохтани харитаи сеандоза ва ҳаракати мустақилонаро доро мебошад. Истифодаи он дар раванди таълим ва таҳқиқот имкониятҳои васеъро дар самтҳои робототехника, геоинформатика, мониторинги муҳити зист ва технологияҳои рақамӣ фароҳам меорад.
Ҷорӣ гардидани роботи Unitree Go2 дар факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав далели равшани татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар самти рушди зеҳни сунъӣ буда, нақши муассисаро ҳамчун яке аз марказҳои пешсафи инноватсионӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазири сатҳи байналмилалӣ таҳким мебахшад. Ин ташаббус инчунин ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди таҳқиқоти илмӣ дар самти технологияҳои нав мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ, таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳамгироии илм, маориф ва технологияҳои муосир метавонад заминаи устувор барои рушди иқтисодиёти донишбунёд ва воридшавии ҷумҳурӣ ба фазои ҷаҳонии инноватсия гардад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи субот ва зеҳни сунъӣ ҳамчун муҳаррики рушди технологӣ бо ҳам пайваста, Тоҷикистонро ба сӯи ҷомеаи рақамӣ ва ояндаи дурахшон роҳнамоӣ мекунанд.
Ҷуразода Шуҳрат
декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон