Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ ҳукумфармост, он рӯз то рӯз зебову назаррабо гардида, аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад.Сулҳу ваҳдат ибораҳое мебошанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ – таҷассумгари оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагии мардум мебошад.Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан ва ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст буданро ифода менамояд. Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон ба шумор меравад.Дар қалбҳои мардуми тамаддунофар ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди воқеан, таърихӣ ва азизу гиромӣ чун ҷон муқаддас табдил ёфтааст.Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ, бахусус, Созмони Миллали Муттаҳид гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвари тозаистиқлолу сулҳофари Тоҷикистон. Мо мардуми сарбаланди тоҷик инро бояд аз ёдҳо набарорем, ки танҳо бо роҳи ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда, нигоҳ дошта метавонем.Тамоми душвориҳо ва монеаҳо танҳо дар сурати мавҷуд будани сулҳу ваҳдат паси сар шуда, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.Дар ҳақиқат ҳам, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гулгулшукуфон гардида, иқтисодиёташ тадриҷан афзуда, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ рушд мекунад.Миллати парешони тоҷик бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти мамлакат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омада, кишвар обод ва рӯз то рӯз рушд карда, хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор гардидааст.Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии худи мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Сардори давлати навини тоҷикон буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонд. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст.
Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор гуфта метавонам, ки имрӯз дар қаламрави мамлакат сутуни сулҳу осоиштагӣ ба ҳадди бузург мустаҳкам ва устувор мебошад.Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд, ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш дорои хиради азалӣ доштан, эҳтирому эътироф менамоянд.Ҳамин тавр, инкишофи мутаносиби истиқлол шурӯъ гардид. Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон дар фаҳми дуруст ва ҳаллу фасли масъалаҳои мухталиф кӯмак менамоянд, ва ин боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати навини азияткашида рӯ ҷониби ободиву осоиштагӣ ниҳод ва ҳамчун давлати соҳибистиқлоли демократӣ шинохта шуд. Дар харитаи ҷаҳон ҷойи худро соҳиб гашт ва ба расмият шинохта шуд. Мавқеи худро дар ҷаҳони муосир ёфт.Бояд қайд намуд, ки Ваҳдати ҷомеа барои ҳамагон асоси ифтихороти ватандорӣ, шаҳрвандӣ ва фарзанду зодаи ин сарзамини пурфайз будан аст. Чи хуш аст, ки ҳар кору пайкор, ҳар иқдому нияти ҷавонон ба хотири таҳкими он мебошад.
Аминзода Мавлуда
мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
