МУҚОВИМАТ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ —САҲМГУЗОРӢ БАР ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Ҳамин нуктаро бояд арз дошт, ки имрӯзҳо коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, бар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ бисёр ҳам таъсири манфӣ мерасонад. Ин падидаи номатлуб боиси заиф гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ, коҳиш ёфтани эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимият, афзоиши нобаробарӣ ва маҳдуд шудани имкониятҳои рушди кишвар мегардад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди коррупсия на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди масъулиятшиноси ҷомеа мебошад. Муқовимат бар зидди коррупсия ба маънои ҳифзи адолат, қонунмандӣ ва таъмини шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум аст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ масъалаи пешгирӣ ва решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб аҳаммияти махсус касб намудааст. Ҷомеае, ки дар он шаффофият, масъулиятшиносӣ ва волоияти қонун ҳукмфармо аст, метавонад ба пешрафти устувор ва ояндаи дурахшон ноил гардад.
Ба ин падидаи носолими ҷамъиятӣ—коррупсия маъноҳои зиёд медиҳанд, ки яке аз он истифодаи ваколатҳои хизматӣ ба манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ мебошад. Он метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла ришвахорӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ, сӯиистифода аз мақоми хизматӣ, хешутаборбозӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ зоҳир шавад.
Пайдоиши коррупсия ба омилҳои гуногун вобаста аст. Аз ҷумла, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, камбуди назорат, норасоии шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва сустии фарҳанги зиддикоррупсионӣ метавонанд барои густариши ин падида заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Коррупсия на танҳо ба иқтисодиёт зарар мерасонад, балки арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеаро низ коҳиш медиҳад. Вақте ки шахс манфиати шахсиро аз манфиати ҷамъиятӣ боло мегузорад, ҳисси адолат ва баробарӣ дар ҷомеа заиф мегардад.
Қайд намудан лозим аст, ки коррупсия ин монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори давлат мебошад. Аввалан, он ба иқтисодиёти миллӣ таъсири манфӣ расонида, боиси истифодаи ғайрисамараноки захираҳои молиявӣ мегардад. Маблағҳое, ки бояд барои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва инфрасохтор равона гарданд, дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ талаф меёбанд.
Дуюм, коррупсия ба рушди иҷтимоӣ зарар мерасонад. Дар ҷомеае, ки фасод густариш ёфтааст, шаҳрвандон имкониятҳои баробар барои таҳсил, кор ва пешрафтро аз даст медиҳанд. Афзалият на ба дониш ва қобилият, балки ба муносибатҳои шахсӣ ва манфиатҳои гурӯҳӣ дода мешавад.
Сеюм, коррупсия эътимоди мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ коҳиш медиҳад. Агар шаҳрвандон эҳсос кунанд, ки қонун барои ҳама яксон амал намекунад, онҳо ба фаъолияти давлат ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ боварии худро аз даст медиҳанд. Ин ҳолат метавонад ба нооромии иҷтимоӣ ва коҳиши фаъолнокии шаҳрвандӣ оварда расонад.
Ҳамзамон, ҳадди баланди коррупсия ба нуфузи байналмилалии давлат низ таъсири манфӣ мерасонад. Сармоягузорони хориҷӣ бештар ба кишварҳое сармоя мегузоранд, ки дар онҳо муҳити шаффоф ва қонунмандӣ таъмин шудааст. Аз ин рӯ, паст кардани сатҳи коррупсия барои ҷалби сармоя ва рушди иқтисодӣ аҳаммияти калон дорад.
Мубориза бар зидди коррупсия пеш аз ҳама аз сиёсати дуруст ва самараноки давлатӣ вобаста мебошад.
Яке аз роҳҳои муҳими муқовимат ин таҳкими волоияти қонун мебошад. Ҳама шаҳрвандон, новобаста аз мақом ва мансаб, бояд дар назди қонун баробар бошанд. Татбиқи ҷазои одилона барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ метавонад ҳамчун омили пешгирикунанда хизмат намояд.
Самти дигари муқовимат ин баланд бардоштани шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Истифодаи технологияҳои рақамӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти давлатӣ имконияти содир шудани амалҳои коррупсиониро коҳиш медиҳад.
Ҳамзамон, давлат бояд барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби фарҳанги зиддикоррупсионӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намояд. Омӯзиши арзишҳои адолат, ростқавлӣ ва масъулиятшиносӣ аз синни хурдӣ дар муассисаҳои таълимӣ метавонад дар ташаккули насли оянда нақши муҳим бозад.
Инро бояд гуфт, ки муқовимат бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Ҳар як шаҳрванд метавонад дар пешгирии ин падида саҳми худро гузорад. Пеш аз ҳама, шахс бояд аз додан ва гирифтани ришва худдорӣ намояд. Агар ҷомеа нисбат ба коррупсия муносибати оштинопазир дошта бошад, сатҳи ин падида ба таври назаррас коҳиш меёбад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва огоҳии шаҳрвандон низ аҳамияти калон дорад. Шахсоне, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро медонанд, камтар қурбонии амалҳои коррупсионӣ мегарданд ва метавонанд ҳуқуқҳои худро бо роҳҳои қонунӣ ҳимоя кунанд.
Нақши воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар ин самт муҳим мебошад. Матбуот метавонад ҳолатҳои коррупсиониро ошкор намуда, афкори ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди фасод сафарбар намояд. Созмонҳои ҷамъиятӣ бошанд, метавонанд мониторинг ва назорати ҷамъиятиро тақвият бахшанд.
Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бояд дар ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ саҳми арзанда гузоранд. Онҳо метавонанд тавассути таҳсил, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ арзишҳои адолат ва ростқавлиро тарғиб намоянд.
Ояндаи дурахшони ҳар як ҷомеа ба сатҳи адолат, қонунмандӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон вобаста мебошад. Ҷомеае, ки дар он коррупсия ҷой надорад, имконияти бештари рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро соҳиб мешавад. Дар чунин ҷомеа шаҳрвандон ба давлат боварӣ доранд, ҳуқуқҳои онҳо ҳифз мегарданд ва имкониятҳои баробар барои пешрафт таъмин мешаванд.
Мубориза бо коррупсия ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, илм ва технология мусоидат мекунад. Вақте ки захираҳои давлатӣ самаранок истифода мешаванд, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, барои ҷавонон шароити мусоиди таҳсил ва кору табобат фароҳам меояд.
Ҳамчунин, коҳиш ёфтани коррупсия ба таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд. Адолат ва шаффофият дар ҷомеа эҳсоси масъулият ва ватандӯстиро тақвият дода, шаҳрвандонро барои саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ҳавасманд месозад.
Хулоса, коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушди устувори ҷомеа буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонад. Муқовимат бар зидди ин падидаи номатлуб шарти муҳими таъмини адолат, рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф ҳам давлат ва ҳам шаҳрвандон бояд масъулияти худро эҳсос намуда, дар мубориза бар зидди коррупсия фаъолона иштирок намоянд.
Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ростқавлӣ ва эҳтиром ба қонун, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳкими назорати ҷамъиятӣ метавонанд барои коҳиш додани сатҳи коррупсия мусоидат намоянд. Ҳар як қадаме, ки дар роҳи мубориза бар зидди коррупсия гузошта мешавад, саҳме арзанда дар бунёди ҷомеаи пешрафта, адолатпарвар ва дорои ояндаи дурахшон мебошад. Аз ин рӯ, муқовимат бар зидди коррупсия на танҳо вазифа, балки рисолати шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ояндаро аз имрӯз бояд сохт!
Шукринисо РАҲИМЗОДА
декани факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон