НЕРӮГОҲИ БАРҚӢ-ОБИИ “РОҒУН” САРЧАШМАИ ИСТЕҲСОЛИ САБЗ. Тоҷикистон ба давлатҳои пешрафти ҷаҳони муосир табдил меёбад

 
 
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 16-уми декабри соли 2025 омадааст, ки масъалаҳои рушди иқтисоди “сабз”, истеҳсоли энергияи барқароршаванда ва ҳифзи муҳити зист ҳамчун самтҳои стратегии рушди мамлакат муайян карда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни тасдиқи рамзи 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ таъкид намуданд, ки: “Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд”
Тоҷикистон имрӯз дар соҳаи истеҳсоли энергияи “сабз” мавқеи баландро дар ҷаҳон ишғол менамояд. Зиёда аз 98 фоизи нерӯи барқи кишвар аз манбаъҳои барқароршаванда, асосан аз нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешавад. Аз рӯйи фоизи истеҳсоли энергияи “сабз” Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи ҷаҳон қарор дорад. Ин дастоварди бузург дар натиҷаи истифодаи оқилонаи иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ба даст омадааст.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” чун ташаббуси бузурги миллӣ ва тарҳи нодири таърихӣ шинохта мешавад. Ҳоло нерӯгоҳ на танҳо иншооти бузурги энергетикӣ, балки рамзи нангу номус, худшиносии миллӣ ва иродаи созандаи мардуми сарбаланди тоҷик буда, дар сароғози ин нияти бузурги миллӣ дар замони истиқлолият фарзонафарзанди миллат, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.
Солиёни зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистон аз норасоии нерӯи барқ, маҳдудияти шадиди барқ дар фасли тирамоҳу зимистон, вобастагӣ аз манбаъҳои гарони сӯзишворӣ ва имконияти маҳдуди рушд ранҷ мебурд. Аз ҳама ҷиҳат мушкилӣ вуҷуд дошта, имконият бениҳоят маҳдуд буд ва дар чунин шароити бисёр вазнин оғози тарҳи бузург- аз нав эҳё намудани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва табдили он ба стратегии давлатӣ кори саҳл набуд. Ҳоло он рӯйдоди сарнавиштсоз барои иқтисоди миллӣ ва ояндаи давлат арзёбӣ мешавад. Феълан, Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро идеяи бузурги миллӣ муаррифӣ месозанд, ки ин аз ҳақиқат ва ҳикмат дур нест.
Нақшаи бунёди нерӯгоҳи азими барқи обӣ дар қитъаи Роғун ҳанӯз солҳои 70–80-уми асри гузашта дар доираи барномаи умумииттифоқии истифодаи захираҳои рӯди Вахш рӯи кор омад. Вале як силсила омилҳои инсонӣ, масоили молиявӣ ва баъдан фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти иқтисодӣ имкон надоданд, ки сохтмони он сари вақт ба анҷом расад. Як нақшаи нокомил ва як барномаи анҷом наёфта дар рӯйи коғаз монда буд. Ҳатто дар бораи он олимону коршиносон ҳам сухан намеронданду тасаввур ҳам намекарданд, ки дар бораи он касе дубора фикр намояд.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” тарҳи нодири гидроэнергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва сохтмони асри XXI маҳсуб мешавад. Ин лоиҳаи азим зери роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, рамзи нангу номуси миллӣ, ваҳдат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Пешниҳоди идеяи бунёди неругоҳ аз ҷониби Сарвари хирадманди мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи умумимиллии ҳамбастагиро ифшо сохта, бори дигар исбот намуд, ки ин лоиҳа танҳо тарҳи иқтисодию муҳандисӣ набуда, балки майдони санҷиши вафодорӣ ба давлату миллат, намунаи ифодаи нангу номус ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, меҳандӯстиву масъулиятшиносӣ мебошад. Ҳамин аст, ки Роҳбари давлат Нерӯгоҳи “Роғун”-ро ифодагари шарафи миллӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати созандаи фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон унвон доданду кунун ҳар муваффақияту пешрафт дар ин майдони созандагӣ ва арсаи нангу номус ҳамчун дастоварди умумимиллӣ таҷлил
карда мешавад.
Бояд гуфт, ки Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” маҳз бо талош ва заҳмати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешавад. Ин аст, ки сиёсатмадор, нависанда, рӯзноманигор ва публитсисти рус Александр Проханов дар яке аз навиштаҳояш таҳти унвони “Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон” аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллат барои ободонию шукуфоии Тоҷикистон ва бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ёдрас гардида, чунин гуфтааст: “Роғун” фарзанди дӯстдоштаи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки онро ҳамчун хотираи неки роҳбарии худ бунёд менамояд”.
Мавриди ёдоварист, ки Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо сохтмони сарбанди азим, ки баландии он 335 метр пешбинӣ шудааст, пас аз анҷом ёфтанаш ба баландтарин садди сангини ҷаҳон табдил меёбад. Ин баландӣ на танҳо аз бисёр иншооти муҳташами дигари ҷаҳон, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Норак”, ки тақрибан 300 метр баландӣ дорад, болотар аст, балки имконият медиҳад, ки обанбори бузург бо зиёда аз 13,3 миллиард метри мукааб об ташкил карда шавад.
Тибқи лоиҳаи корӣ, нерӯгоҳ аз 6 агрегати гидравликӣ иборат хоҳад буд, ки ҳар кадом иқтидори тақрибан 600 мегаватт дошта, дар маҷмуъ иқтидори насбшудаи онро то 3600–3780 мегаватт мерасонанд. Ин иқтидор имкон медиҳад, ки дар як сол то 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол карда шавад, ки ин аз ҳаҷми кунунии тавлиди нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ қариб ду баробар зиёд аст ва ин, албатта, бе баҳс сутуни истиқлолияти энергетикиро ташкил хоҳад дод.
Сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо уфуқи то 1300 метр аз сатҳи баҳр, дарозиаш тақрибан 660 метр ва паҳнои болоии тақрибан 20 метр иншооти аз лиҳози муҳандисӣ бисёр мураккаб ба ҳисоб меравад. Барои гузаронидани об дар давраи сохтмон ва идоракунии об дар шароити гуногуни иқлимӣ чандин нақби инҳирофӣ ва иншооти иловагӣ сохта мешаванд, ки ҳамаи онҳо барои бехатарӣ ва устуворӣ ба стандартҳои баланди байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд. Лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷониби беҳтарин коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, масъалаи бехатариву устуворияш пурра кафолат дода шудааст. Корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ пурра дар сатҳи ҷаҳонӣ ва бо ҷалби коршиносони ҳирфаӣ гузаронида шудаанд. Метавон гуфт, ки ин нерӯгоҳ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа хеле муҳим буда, бунёди он барои тамоми давлатҳои минтақа манфиатнок аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала чунин изҳори андеша намуданд: “Такроран хотирнишон менамоям, ки ин иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истодааст ва дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба давлатҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард”. Воқеан ҳам Роғун метавонад кафили равшании ҳар хонадон бошад.
Дар умум, метавон гуфт, ки Нерӯгоҳи “Роғун” имрӯз арсаи воқеии нангу номус аст, мактаби бузурги худогоҳӣ ва иродаи созандаи мардуми шарафманди мо, ки дар он ормони деринаи мо- мустақилияти энергетикӣ, рушди босуботи иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ таҷассум меёбад. Бунёд ва ба кор оғоз намудани агрегатҳои ин неругоҳ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо мушкилоти таъминоти дохилии барқро ҳал созад, балки бо баромадан ба бозорҳои содиротии нерӯи барқи “сабз” мавқеи геоиқтисодии худро дар минтақа мустаҳкам намояд ва ба рушди саноативу иҷтимоии худ суръати нав бахшад.
Энергияи арзон ва сабзе, ки ин иншооти азим истеҳсол мекунад, заминаи устуворро барои таъсиси садҳо корхонаҳои нави саноатӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ ва муҳайё кардани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад. Бе Роғун тасаввур кардани рушди саноати муосир ва воридотивазкунандаи кишвар имконнопазир аст. Маҳз ин кохи нур иқтидори содиротии Тоҷикистонро чандин баробар афзун менамояд.
Бо кор даровардани агрегатҳои аввалини Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аллакай ҳаҷми тавлиди нерӯи барқ дар шабакаи ягонаи миллӣ афзуд ва қадаме дар самти бартараф намудани маҳдудияти фаслӣ гузошта шуд. Масъалаи маҳдудияти барқ имрӯз оҳиста – оҳиста аз байн меравад. Мақсад ин аст, ки баъди пурра ба кор даромадани тамоми агрегатҳо ва шохаи барқтавлидкунанда Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар тамоми давраи сол бе ягон маҳдудият талаботи дохилиро таъмин намуда, дар айни замон барои содироти барқ ба бозорҳои минтақавӣ низ иқдом намояд. Ва ин, албатта, ба пешрафти ҳар соҳа ва пеш аз ҳама, рушди иқтисодиёту маорифу тандурустӣ мусоидат хоҳад намуд. Бо таъмини пурраи нерӯи барқ дар мамлакат фазои фикрӣ ва корӣ комилан дигар гардида, тафаккури нави зисту зиндагӣ ба вуҷуд меояд, ки ба ташаккули руҳияи солими ҷамъиятӣ ва тафаккури техникӣ низ мусоидат хоҳад кард.
Ҷанбаи иҷтимоӣ, маънавӣ ва рамзии “Роғун”, ки ҷомеаро атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ муттаҳид сохт, имкон медиҳад, ки онро на танҳо иншооти муҳандисию саноатӣ, балки пояи муҳими худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва нишони қудрати созандаи давлати ҷавони тоҷик арзёбӣ намоем. Ҳамзамон риояи қатъии стандартҳои байналмилалии амниятӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ метавонад кафолат диҳад, ки ин “қасри нур” барои наслҳои имрӯз ва фардо сарчашмаи баракат, рушд ва суботи воқеӣ хоҳад буд.
Тоҷикистон дар самти рушди энергетикаи “сабз” бо бисёр кишварҳо ва ширкатҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд. Хусусан, бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкорӣ дар самти бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ тақвият меёбанд. Ширкатҳои чинӣ бо ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ кӯмак расонида истодаанд. Инчунин, бо Федератсияи Россия дар самти омӯзиш ва бунёди нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расидаанд.
Рушди “иқтисоди сабз”, бозори сармоя, ба муомилот баровардани коғазҳои қимматноки “сабз”, такмили механизмҳои қарздиҳии дарозмуддат ва таъсиси Фонди кафолати қарзҳо ҳамчун омили муҳими дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди воқеии иқтисод арзёбӣ мегарданд. Ин тадбирҳо барои ҷалби сармояи хусусӣ ба лоиҳаҳои энергияи барқароршаванда ва дигар лоиҳаҳои экологӣ аҳамияти калон доранд.
Татбиқи технологияҳои сарфаи энергия дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, сохтмон ва нақлиёт имкон медиҳад, ки талабот ба энергия кам ва хароҷот сарфа карда шавад. Амалӣ намудани технологияҳои муосир дар сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии обӣ, аз ҷумла, дарбандҳои самаранок ва системаҳои автоматикунонии идоракунӣ имкон медиҳад, ки иқтидори истеҳсолии неругоҳҳо афзоиш дода шаванд.
Дастгирии лоиҳаҳои энергияи офтобӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ ва насби панелҳои офтобӣ дар биноҳои истиқоматӣ ва тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки вобастагии ҷумҳурӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия кам карда шавад. Масъалаи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ мавриди омӯзиш қарор дорад ва меъёрҳои техникӣ ва ҳуқуқӣ барои он таҳия карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки рушди “энергетикаи сабз” на танҳо ба ҳалли мушкилоти энергетикӣ, балки ба беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист низ мусоидат менамояд. Таъмини устувори энергия ба рушди саноат, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт таъсири мусбӣ мерасонад. Махсусан, насби панелҳои офтобӣ дар минтақаҳои дурдаст, ки ба шабакаи умумии барқ дастрасӣ надоранд, имкон медиҳад, ки аҳолии он ҷойҳо низ аз маълумоти замони муосир баҳра баранд.
Дар ҳолати амалишавии тамоми ҳадафҳои гузошташуда Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар соли 2032-юм 100 фоиз ба кишвари тавлидкунандаи энергияи “сабз” табдил ёбад. Ин дастоварди таърихӣ на танҳо ба манфиати миллии кишвар, балки ба ҳалли масъалаҳои экологии глобалӣ низ мусоидати азим хоҳад расонид.
Пӯшида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикии кишвар дар як сол ба 527 миллиард кВт/соат баробар аст. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол намояд ҳам, аммо танҳо 4-5 фоизи ин иқтидори бузург айни замон истифода мешавад, ки ин аз имкониятҳои васеи рушди минбаъда шаҳодат медиҳад.
Дар нақшаи техникӣ захираи энергетикаи барқи обии Тоҷикистон 317 миллиард кВт-соат дар солро ташкил медиҳад. Захираҳои асосии энергияи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёҳои Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгиранд.
Лоиҳаи стратегии Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ҳамчун лоиҳаи миллӣ ва асосии истиқлоли энергетикии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Моҳи сентябри соли 2027 ҳамчун санаи ба кор даромадани агрегати сеюми НБО “Роғун” ва расидан ба истиқлоли пурраи энергетикӣ муайян гардидааст. Бо ба истифода додани пурраи ин неругоҳ, Тоҷикистон қобилияти таъмини мустақили талаботи энергетикии худ ва ҳатто содироти неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя пайдо мекунад.
Тоҷикистон дорои иқтидори азиме дар соҳаи истифодаи энергияи офтобӣ мебошад. Кишвари мо дар як сол беш аз 300 рӯзи офтобӣ дошта, иқтидори аз лиҳози иқтисодӣ асосноки офтобӣ 369,600 мегаваттро ташкил медиҳад. Ин имконияти беназир барои рушди энергетикаи офтобӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия фароҳам меорад.
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест-2025” байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ чандин протокол ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.
Иқтидори энергияи бодӣ дар Тоҷикистон 4,485 мегаваттро ташкил медиҳад. Ҳарчанд ин иқтидор нисбат ба энергияи офтобӣ хеле камтар аст, аммо истифодаи он барои диверсификатсияи манбаъҳои энергия ва таъмини устувории таъминоти барқ дар давраҳои гуногуни сол аҳамияти калон дорад. Бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ имкон медиҳанд, ки фаъолияти низоми энергетикӣ беҳтар гардад, махсусан, дар давраи авҷи истеъмол, ки асосан ба фаслҳои тирамоҳу зимистон рост меояд, яке аз мушкилоти асосии энергетикаи Тоҷикистон ин вобастагии зиёди он ба фаслҳои сол мебошад. Ҳамасола бо сабаби маҳдудияти энергияи барқӣ дар фасли зимистон нобудшавии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ба 30 фоиз мерасад. Дар фасли тобистон таъмини энергияи барқ бештар боварибахш аст ва тавлиди изофии барқи обӣ ба миқдори 3-5 миллиард кВт/соат мебошад.
Тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилоти аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст. Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд. Ин масъала зарурати ташкили лоиҳаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва диверсификатсияи манбаъҳои энергияро меафзояд.
Энергетика, аз ҷумла барои Тоҷикистон, яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини иқтисодиёти он маҳсуб меёбад. Рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад. Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати кишвар бунёди неругоҳҳои барқи обиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар мешуморад. Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид. Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд гардиданд.
Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2030, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ шудааст, барои ноилшавӣ ба ин ҳадафи олӣ, ки яке аз он ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ ба ҳисоб меравад, барои 15 соли оянда муайян шудааст.
Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад. Аз ин лиҳоз, истеҳсол ва истифодаи “энергияи сабз” аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Дар ин самт, ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳи “Роғун” ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроққум” иқтидори энергетикии мамлакат иловатан ба 4 ҳазор мегаватт афзоиш дода мешавад.
Бо вуҷуди ин, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла нерӯи офтоб ва шамол ба манфиат буда, дар ин самт асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешаванд.
“Роғун” бузургтарин дастоварди соҳибистиқлолӣ ва рамзи олии соҳибдавлатии миллати тоҷик мебошад. Ин нерӯгоҳ барои Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад. Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” заминаи асосии саноатикунонии босуръати кишвар ба шумор меравад. Оид ба ин бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 – солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Рушди соҳаҳои маъдан ва кӯҳкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: нақши зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ” баргузор гардид. Барои рушди соҳа, зарур аст, ки робитаи илм бо истеҳсолот мустаҳкам карда шавад. Таъсиси марказҳои рақамии идоракунии барқ дар заминаи “Роғун” ва омода кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи AI барои корхонаҳои металлургӣ аз ҳадафҳои асосии ин чорабинӣ мебошад. Дар он маврид истиқлолияти энергетикӣ дар ин замина на танҳо мафҳуми иқтисодӣ, балки унсури муҳими амнияти миллӣ ва сиёсати созандагии давлат хоҳад буд. Зеро, давлате ки аз лиҳози барқ ба худкифоӣ мерасад, аз вобастагиҳои беруна озодтар гардида, дар фазои муносибатҳои минтақавию байналмилалӣ бо эътимоди бештар ва мақоми устувортар ҳузур пайдо хоҳад намуд, ки ниёзмандиро аз байн мебарад.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин кохи азими нур на танҳо маҳсули заҳмати муҳандисону сохтмончиён, балки шоҳасари иттиҳод ва ваҳдати мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Роғун ба ҷаҳониён собит сохт, ки ворисони созандаи Синову Фирдавсӣ имрӯз ҳам қодиранд шоҳасарҳои беназири меъмории ҷаҳониро бунёд кунанд ва роҳи ояндаи худро бо нури хеш равшан созанд.
“Роғун” арса ва корзори нангу номуси миллӣ, фидокорӣ ва созандагӣ, барои халқи тоҷик хеле муҳим аст.
“Роғун” тарҳи нодири гидроэнергетикӣ он бозгӯйи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои оби аср асри XXI ва гузариш ба иқтисодиёти “сабз” мебошад. Ин иншооти бузург собит месозад, ки дипломатияи обии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо назариявӣ, балки дорои аҳамияти бузурги амалӣ аст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 16-уми декабри соли 2025 изҳор намуданд: “Моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба кор дароварда мешавад ва истиқлолияти энергетикии кишвар пурра таъмин мегардад”.
Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор