Дар факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ -назариявӣ таҳти унвони “Нақши энергияи сабз дар рушди иқтисодиёти кишвар” бо ширкати ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовинони ректор, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин ва дигар омӯзгорону кормандон баргузор гардид.
Дар кори семинар профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мавзуи “Энергияи сабз ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт”, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин дар мавзуи “Назарияи равшанкунии барқӣ”, мудири кафедраи таъминоти барқ Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа дар мавзуи “Ченкунии асосии рӯшноии техникӣ ва аҳамияти он дар истеҳсолот”, омӯзгори ҳамин кафедра Ҳакимбоев Сайдуллобек дар мавзуи “Таҳлили системаи равшанкунии рӯшноии диод ва бартарии он нисбат ба фурӯзонакҳои анъанавӣ” маъруза намуданд.
Дар семинар ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои матраҳшуда, баҳсу баррасиҳо сурат гирифта, аз нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодиёти сабз ва формулаи миллии рушд ёдоварӣ карда шуд.
Шуъбаи иттилоот



