Дар Муассисаи давлатии Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон ҳамоиши бошукӯҳи ҳизбӣ бахшида ба гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ва ба Ватан овардани мушти хоки қаҳрамонони миллӣ — Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва олими тавоно Нисор Муҳаммад баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов, раиси суди шаҳри Бӯстон Боҳир Зоирзода, прокурори шаҳри Бӯстон Толибҷон Ҳоҷизода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Наврӯз Қодиров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ , инчунин фаъолон, занону ҷавонон, аҳли ҷамоатчигӣ ва сарбозони шуҷоъ иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ оғоз ёфт.
Нахуст Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода оид ба ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ, пос доштани хотираи фарзандони содиқи Ватан ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ андешаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки қаҳрамонони миллат Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум бо ҷоннисориҳои худ дар роҳи бунёди давлати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои мардум саҳми арзишманд гузоштаанд. Ҳамзамон аз хизматҳои шоистаи олими тавоно Нисор Муҳаммад дар рушди илму маърифат ва тарбияи насли наврас ёдоварӣ карда шуд.
Сипас муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки гиромидошти хотираи қаҳрамонони миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат омили муҳими таҳкими ваҳдат, худшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад.




