БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ

Имрӯз, ҷаласаи назоратии ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба рӯзномаи ҷаласа, масъалаҳои баррасишаванда, санҷиши куллии маҳорати педагогии омӯзгорон, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омодагӣ ба имтиҳони хатм, раванди баргузории таҷрибаомӯзӣ, тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, изҳор дошт, ки мо бояд дар ин самт мутахассисонро омода созем, муҳандисони ҷавобгӯ ба сатҳи бозори ҷаҳониро тарбия намоем, то ватанамонро ободу зебо ва пешрафта созанд.

Ҳамзамон, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ, дар сатҳи баланд омода намудани шиору овеза ва маконҳои баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ супориш дода, таъкид намуданд, ки онҳое, ки аз имрӯз дар чорабиниҳо оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ фаъол нестанд ё хоҳиши ширкат кардан надоранд, бигзор мавқеи худро ошкор созанд.

Ҳамчунин, ба сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, раёсатҳои таълим,  илм ва инноватсия дастур дода шуд, ки ба омӯзгорону ассистентон мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои кориро тақсим намуда, дар озмунҳо қонуну қоидаҳои амалкунандаро риоя намоянд ва ба сарфаи иловагии маблағҳо, иштибоҳи солҳои қаблӣ роҳ надиҳанд. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки ҳама гуна дастгирӣ дар асоси Қонун ва Дастурамали вазифавӣ бояд сурат гирад ва профессорону омӯзгорони собиқадор бояд шогирдонро тарбия намоянд, ба ҷойи худ мутахассис омода созанд. Насли ҷавон махсусан омӯзгорони ҷавонро бояд роҳнамоӣ карду дар роҳи илмдӯстиву масъулиятшиносӣ  тарбия кард.

Муассиса хонаи мо нест, балки коргоҳи давлат аст, ки моро вазифадор месозад, то ба хотири ояндаи дурахшони давлату миллат наслҳои ҷавонро тарбия намоем, мутахассисони варзидаро омода намоем. Масъулиятшинос ва ҷонфидову содиқ бошем! Мо, бояд бо дилу нияти пок, меҳру муҳаббат бар Ватан содиқона ва аз рӯйи виҷдон кору фаъолият намоем. Вазифаи мо ин роҳнамоӣ аст, хидмати содиқ бар давлату миллат аст! Бояд принсипҳои инсониро риоя фармоем, инсонияти худро фаромӯш насозем, фаромӯш насозем, ки мо барои ватани худамон кадрҳоро омода мекунем, ҳама нияту маромамон барои давлати миллии худамон аст ва ба донишҷӯён бояд ҳамчун ба фарзанди худ муносибат намоем. Меҳри ватандӯстиро дар дилҳояшон ҷой диҳем! Вазифаи мо омӯзгорон дар назди ҷамъият бузург аст, мо рисолат дорем, масъулият дорем назди давлату миллат! Мо бояд ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона кор кунем, рисолаҳо эҷод намоем, ихтироот кунем, як гӯшаи ватанамонро обод созем!

Ҳамчунин, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандии факултети металлургия Илҳомзода Армон, ки ҷаласаи назоратӣ дар он ҷо баргузор гардид,  барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои азнавсозиву таҷдид, рангу бори  синфхонаву майдончаҳои асосии кафедра  изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Шуъбаи иттилоот