Ҳамон гуна, ки маълум аст, ҷавонон неруи пешбаранда ва ояндаи ҳар як давлату миллат дониста мешаванд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму техника, нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа боз ҳам муҳимтар мегардад. Аз ин рӯ, давлатҳое муваффақ мешаванд, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таълиму тарбия, рушди маънавӣ ва касбии онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги созанда ва идомадиҳандаи давлатдорӣ эътимод намуда, нисбат ба онҳо ғамхории пайваста зоҳир менамоянд.
Пешвои миллат ҷавононро ояндаи давлат ва миллат номида, ҳамеша таъкид менамоянд, ки пешрафти Тоҷикистон аз донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва ватандӯстии ҷавонон вобаста аст. Маҳз бо ташаббуси муҳтарам Сарвари хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардида, барои дастгирии онҳо заминаҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ муҳайё карда шуданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба ин қишри ҷомеа мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон ин рушди соҳаи маориф мебошад. Зеро бе таҳсилоти босифат пешрафти ҷомеа имконнопазир аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ садҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Барои хонандагону донишҷӯён шароити хуби таълим фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин, ҷавонони боистеъдод барои таҳсил ба давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд, то ки дониш ва таҷрибаи пешрафтаро аз худ намоянд. Стипендияҳои президентӣ, квотаҳои махсус ва озмунҳои гуногун барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд таъсис дода шудаанд.
Ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон танҳо ба соҳаи маориф маҳдуд намешавад. Давлат барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Дар саросари кишвар варзишгоҳҳо, майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои фарҳангиву фароғатӣ сохта шудаанд. Бо шарофати чунин дастгириҳо варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, обрӯи кишварро баланд мебардоранд.
Ҳамзамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлолият ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят менамоянд. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонон бояд соҳиби илму дониш, ахлоқи ҳамида ва ҳисси баланди миллӣ бошанд. Зеро танҳо ҷавонони бофарҳангу худшинос метавонанд давлатро ба сӯи пешрафт раҳнамоӣ намоянд.
Нақши ҷавонон дар ҳифзи сулҳу субот низ хеле муҳим мебошад. Мардуми Тоҷикистон солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарониданд ва маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуданд. Имрӯз, вазифаи ҷавонон аз он иборат аст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намуда, барои ободии Ватан саҳм гузоранд. Пешвои миллат ба ҷавонон боварӣ доранд ва онҳоро неруи созандаи ҷомеа мешуморанд.
Бо дастгирии давлат имрӯз ҷавонон имконияти васеъ доранд, ки дар корҳои давлатӣ, илм, фарҳанг, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳо фаъолона иштирок намоянд. Бисёре аз ҷавонон имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд ва дар рушди кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати ҷавонони Тоҷикистон самараи нек ба бор овардааст.
Дар умум, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои ҷавонпарвар нисбат ба ҷавонон ғамхории бузург зоҳир менамоянд. Таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия, дастгирии ҷавонони лаёқатманд, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва фаъолият далели равшани ин ғамхориҳост. Ҷавонон низ бояд ба ин ғамхориҳо бо дониши амиқ, меҳнати содиқона ва муҳаббат ба Ватан ҷавоб гардонанд. Танҳо дар ҳамин сурат Тоҷикистон метавонад ба як давлати пешрафта ва ободу шукуфон табдил ёбад.
Давлатзода Давлат
муовини аввали ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
