ВАТАН

 
Омӯзгори соҳибтаҷриба ва сардори раёсати таълими Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Осими Оқил роҷеъ ба овардани хоки фарзонафарзандони меҳан ба Ватан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ хушҳол гардида, бо илҳоми саршор аз ватандӯстиву хештаншиносӣ бо забони назм ҳарфи дилро баён намудааст.
Осими Оқил дар фурсатҳои холӣ шеъру тарона менависад ва чандин маҷмуаҳои шеърияш чоп гардидаанд.
Ватан
Оғӯш гир хоки шаҳидони фидоият,
Ки баҳри ҳифзи номат ҷони худро додаанд аз даст,
Дареғо, ки ба сад сӯзу ба сад афғон,
Ба рухсори ҳазину дидаи гирён,
Агарчӣ бегуноҳӣ дар чароғи чашмашон рахшон,
Валекин тири тӯҳмат кардашон пайкон.
Бисӯзад хонаи он дам камондорон!!!
Ватан
Ҳамдардии моро қабул фармо,
Раҳи торих ҳазорон хорҳо дар пеши пову оташе бар кӯлбаат афканд,
Намондат, ки ба фарри Хусравонӣ то расӣ бар авҷи кайҳонӣ
Бизад бар дасту поят банд,
Ҳамеша сӯхтӣ аз даст дода ҷони ҳар фарзанд.
Ватан
Имрӯз фарзандони бедору шуҷои ту
Барои мушти хоки турбати гумкардаҳои хеш,
Ба ҳар ҷое, ки ҳар кас бар дифоят ҷонфидоӣ кард
Ба оғӯши пур аз меҳри ту меоранд.
Ки то эҳсоси бо худ бурдаи меҳри ватандорон
Биёмезад бо хоки туву то бештар рӯяд
Дар ин хоки муқаддас нангу номуси ватандорӣ.
Шарафориву бедорӣ.
Осими ОҚИЛ