ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРИЮ ОМӮЗГОРИИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲПАЙМОӢ ТАҲТИ УНВОНИ ҶАВОНОН – ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

Бегоҳии 21 май ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоии идонаи ҷавонони касбу кори гуногуни шаҳри Бӯстон доир гардид.
Дар кори роҳпаймоӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияҳои номии раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Бӯстон, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, ҷавонони касбу кори гуногун, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, сокинону фаъолонҷавонон зиёда аз 3000 нафар ширкат намуданд.
Роҳпаймоӣ тариқи кӯчаҳои ба номи Фотеҳ Ниёзӣ, Сулҳ, буриши кӯчаи 75-солагии Ғалаба то майдони нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт.
Дар роҳпаймоӣ ҷавонон бо шиорҳои “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!”, “Пешвои мо – ифтихори мо!”, “Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!”, “Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон” ва амсоли инҳо ширкат намуда, изҳори хушнудии хешро аз сиёсати ҷавонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.
Баъдан иштирокдорони роҳпаймоии идона дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тантанаҳои идонаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ширкат намуданд.