ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ширкати ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Насриддинов Шаҳбоз, мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ ва дигар омӯзгорону кормандон таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Муҳаммадалӣ Бобоев суханронӣ намуда, роҷеъ ба моҳияти таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, нақши футбол дар тарҳи ҳаёти солим ва ҷавононро ба ватандӯстӣ, тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати сиёсиву оммавигардонии варзиш роҳнамоӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мақоми байналмилалӣ касб намуда, ҳамасола санаи 25 май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.
Дар идомаи чорабинӣ байни ҳайати омӯзгорию профессории Донишкада бозии дӯстонаи футбол баргузор гардида, иштирокчиён маҳорати варзишӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи баланди варзиширо ба намоиш гузоштанд.
Дар интиҳо ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ тубҳои хотиравӣ тақдим намуд.