БАРГУЗОРИИ ДАРСИ АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ЗЕРИСТГОҲИ “500-СУҒД”

Ҷиҳати тақвият бахшидани донишҳои амалии донишҷӯён, дар сатҳи зарурӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисони соҳа, амалӣ намудани донишҳои назариявӣ ва шинос намудани омӯзандагон бо ҳолати аслии корӣ донишҷӯёни бахши сеюми ихтисоси таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ ба зеристгоҳи “500-Суғд” бурда шуданд.
Пас аз баргузории дарси амалӣ ба донишҷӯён ҷараёни кори зеристгоҳ, хатҳои асосӣ ва хатҳои ёрирасони барқӣ муаррифӣ карда шуд.
Омӯзгори ҷавон Мирбобоев Равшан ва муаллимаи гиромӣ Одирматова Умедахон барои боз ҳам такмил додани дониши донишҷӯён ва ҳамзамон пурра ошно гардидан бо ҷараёни корӣ бо мутахассисони варзида ва собиқадори зеристгоҳ суҳбатҳои ихтисоси ташкил намуданд.
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз донишкадаҳои олии соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки низоми дуалии таълимиро пурра амалӣ намудааст.
Шуъбаи иттилоот