Дар толори китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври аввали озмуни “Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар қисмати ифтитоҳии озмун ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба ҳикмати асарҳои Пешвои муаззами миллат, нақши онҳо дар миллатсозиву давлатдорӣ, ҷанбаъҳои ахлоқиву маърифатии асарҳои Раҳбари давлат гуфта, қайд сохт, ки таъсири ин асарҳо дар барқарорсозии ҳофизаи таърихии миллат ва баланд гардидани хештаншиносу худогоҳии насли ҷавон бисёр ҳам бузург мебошаду баргузории ин озмун аҳамияти бузурги маърифатӣ тарбиявӣ дорад. Баъдан, ректори Донишкада ба ширкаткунандагон барору муваффақият ва комгорӣ таманно намуд.
Ҳамчунин, дар ин қисмат мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Бобоева Парвинахон роҷеъ ба шарту шароит ва тарзи баргузории он суханронӣ намуда, ба ҳозирин аъзои ҳакамонро муаррифӣ сохт. Дар қисмати ифтитоҳӣ ба ҷуз аъзои ҳакамон, муовинони ректор, деканҳо ва сардорони шуъбаҳо ширкат варзиданд.
Пас аз қисмати ифтитоҳӣ кори озмун оғоз гардид, ки дар он донишҷӯёну аспирантон ва магистрону омӯзгорони ҷавон ширкат намуданд.
Шуъбаи иттилоот
