Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати тавсеа ва тақвияти мактаби ватандӯстӣ ва тафаккури техникӣ дар муассиса ҷаласа баргузор намуд.
Дар ҷаласа, муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети металлургия дотсент Раҳимзода Шукринисо, декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав дотсент Ҷуразода Шуҳрат ва дигарон ширкат намуданд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ҷаласа аз баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии насли ҷавон, густариши тафаккури техникӣ, дастгириҳои насли ҷавон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳои ғамхорӣ ба насли наврасу ҷавон сухан ронда, изҳор дошт, ки мо бояд донишҷӯёнро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, меҳнатдӯстиву масъулиятшиносӣ ва илмдӯстӣ тарбия намоем.
Дастур дода шуд, ки дар ин самт корҳо ҷоннок карда шавад.
Таъкид карда шуд, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 18 маҳфили илмӣ ва 14 маркази касбомӯзиву равнақи тафаккури эҷодӣ амал мекунанд, ки донишҷӯён бояд аз ин имконият самаранок истифода баранд.
Шуъбаи иттилоот

