Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоии факултети электромеханика маҳфили навбатии “Ганҷи хирад” бахшида ба рӯзи 9-уми май дар мавзуи “Ғалаба бар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва саҳми тоҷикон барои наҷоти башарият” баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯзахон, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ Аминзода Мавлуда, намояндаи МИҲДи шаҳри Бӯстон, собиқадори ҷангу меҳнат ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Чорабиниро декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ғалаба бар фашизм, саҳми тоҷикон дар ин муҳорибаи ҷаҳонӣ, фарзандони қаҳрамони Тоҷикистон ва ҷанбаҳои тарбиявии маҳфил суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ Аминзода Мавлуда дар мавзуи “Саҳми тоҷикон дар ба даст овардани ғалаба дар ҶБВ” маъруза намуда, аз таърихи муборизаҳои ватандӯстӣ ва корнамоиҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик гуфта гузашт.
Дар маҳфил донишҷӯёну фаъолон ва меҳмонон низ суханронӣ намуда, арзиши ахлоқии ин ҳодисаи таърихиро таъкид намуданд.
Дар фароварди маҳфил донишҷӯёни фаъол аз адабиёти замони ҷанг шеъру қиссаҳои қироат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили мазкур бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоии факултети электромеханика баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот

