ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Рӯзи Ғалаба бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ, роҳбарият, ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба аҳамияти ин рӯз, ҳодисаи таърихӣ-Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, нақши тоҷикон дар ғалаба бар фашизм, ҷанбаҳои ахлоқиву тарбиявии ҳаводиси таърихӣ суханронб намуд.
Таъкид карда шуд, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорони ҷанг, хидматкардагон дар ақибгоҳ, ғамхории махсус зоҳир мегардад ва ин нафарон ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ мавзуоти илмӣ ироа гардида, сабабҳо, омилҳо ва тақсимоти ҷаҳони тақсимшуда ташреҳ дода шуд.
Сипас, аз ҷониби гурӯҳи ҳунарии “Ҷилои ёқут”- ин Донишкада барномаи рангини ҳунарӣ манзур карда шуд.
Шуъбаи иттилоот