Дар майдончаи таҷрибавии Парки технологии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дарси амалии омӯзгори кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика Комилов А. аз фанни «Диагностикаи нақлиёт ва системаҳои электронӣ» барои донишҷӯёни бахши 3 ихтисоси 36040203 электроникаи техникаи автомобилӣ баргузор гардид.
Дар рафти дарс устод Комилов А. ба донишҷӯён принсипҳои кори системаҳои идоракунии электронии муҳаррик, усулҳои муайян ва бартарафсозии нуқсонҳо бо истифода аз асбобҳои муосири ташхисӣ, аз ҷумла сканерҳои компютерӣ ва таҷҳизоти ченкуниро шарҳ дод. Донишҷӯён бо тартиби пайваст кардани асбоби ташхисӣ ба қуттии OBD-II, хондани рамзҳои хатогӣ ва таҳлили нишондиҳандаҳои
ҷорӣ шинос шуданд.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки дарсҳои амалии донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар корхонаҳои саноатӣ ва майдончаҳои таълимӣ-таҷрибавӣ гузаронида мешавад, ки ин барои дар сатҳи баланд омода гардидани мутахассисони ҷавон мусоидат менамояд.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи стандартҳои байналмилалӣ раванди таълимро амалӣ намудааст.
Шуъбаи иттилоот
