Имрӯз, зери сарварии ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи навбатии ситоди 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовинони ректор, деканҳо ва сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус ширкат намуданд.
Дар ҷаласа масъалаи омодагӣ ба конфронси илмӣ, баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, баргузории семинару вебинарҳо, даъвати меҳмонони хориҷӣ, ташкили вохӯриҳо вобастата ба 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Ҳамзамон, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии савдои одамон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ вазифагузориҳо намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз беҳтарин муассисаҳои олии соҳавӣ дар кишвар буда, барои омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа беҳтарин шароитро фароҳам оварда аст.
Ёдовар бояд шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст ва муассиси ин боргоҳи маърифат Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Шуъбаи иттилоот


