Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ мебошад, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо на танҳо аҳамияти худро гум накардааст, балки мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин ҷашни эҳёи табиат, оғози соли нав ва пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ мебошад.
Соли 2010 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатномаеро ба тасвиб расонд, ки мувофиқи он 21 -уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф гардид. Ин тасмим нишон дод, ки арзишҳои Наврӯз, сулҳ, дӯстӣ ва ҳамзистии осоишта, барои тамоми башарият муҳиманд.
Наврӯз танҳо иваз шудани фасл нест, балки рамзи покшавии рӯҳ ва ҷисм аст. Аз ҷумлаи суннатҳои асосии он:
Ҳафтсин ва Ҳафтшин: Оростани дастурхони идона, ки ҳар як ҷузъи он рамзи хос дорад (масалан, сабза — эҳё, себ — зебоӣ, сир — саломатӣ).
Суманакпазӣ: Омода кардани таъоми хоси наврӯзӣ, ки рамзи фаровонӣ ва баракат аст.
Поксозии манзил: Пеш аз омадани Наврӯз одамон хонаҳои худро тоза мекунанд, либоси нав мепӯшанд ва кинаҳоро аз дил дур месозанд.
Имрӯз Наврӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳи хос ҷашн гирифта мешавад. Он ба василаи муҳими дипломатияи фарҳангӣ табдил ёфтааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз бо бозиҳои варзишии миллӣ, аз ҷумла гӯштингирӣ ва бузкашӣ инчунин баргузории чорабиниҳои бошукӯҳ таҷлил мегардад.
”Наврӯз ҷашни инсондӯстӣ ва ваҳдати табиату одам аст. Он моро водор мекунад, ки ба оянда бо умеду боварии комил назар андозем.”
Ҷаҳонишавии Наврӯз гувоҳи он аст, ки фарҳанги пурғановати мо дорои арзишҳои умумибашарист. Ин ҷашн моро муттаҳид мекунад ва ба мо ёдовар мешавад, ки пас аз ҳар зимистони сард ҳатман баҳори шукуфон меояд.
Шоҳруз ШУҲРАТЗОДА
мутахассиси шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
