Имрӯз дар толори Шурои олимон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Наврӯз-ҷашни бузург ва сифри сулҳу дӯстӣ” баргузор гардид. Дар семинар муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мирзозода Воҳид, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети металлургия дотсент Раҳимзода Шукринисо ва дигар кормандону донишҷӯён ширкат намуданд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ва эҳёи ҷашну фарҳанги миллӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки Наврӯз на танҳо таронаи оғози сол, балки пайвандгари насли башар ва эҳёи табиат буда, ин ҷашни бостонӣ бо таровати руҳбахши худ дилҳоро ба ҳам мепайвандад ва фазои вуҷуди инсониятро аз нуру зиё саршор мегардонад, фалсафаи бунёд ва ҳастиро ташреҳ медиҳад.
Мавсуф изҳор дошт, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ин волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабир, Исмоили Сомонию Рӯдакии бузург аз нав эҳё намуда шукуҳи тоза бахшид. Наврӯз имрӯз дар ба ҳам омадани наслҳо, қавму миллатҳо мусоидат намуда, ҳамчун сафири сулҳу дӯстӣ мақоми баландро касб намудааст.
Ҳамзамон, дар чорабинии имрӯза декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети металлургия дотсент Раҳимзода Шукринисо маъруза намуда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги Наврӯз нақшаву барномаҳои факултавиро муаррифӣ сохтанд.
Шуъбаи иттилоот



