Имрӯз дар толори хурди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ -назариявӣ таҳти унвони “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантон ширкат намуданд.
Семинарро декани факултети металлургия дотсент Раҳимзода Шукринисо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи семинар, мақсаду мароми баргузории ин чорабинӣ, муҳимияти омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ, нақши забонҳои хориҷӣ дар рушди шахсиятсозӣ ва барномаҳои забономӯзии кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии факултети металлургия суханронӣ намуд.
Мавсуф, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкид мекунанд ва насли ҷавон бояд барои аз худ намудани ду се забон талош намояд, зеро донистани забони хориҷӣ ин як имконияти рушд ва ҳамзамон муаррифии дурусти кишвари азизамон мебошад. Ҳар як нафар донишҷӯ бояд барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ талош намояд ва фурсатро аз даст надода, забонҳои хориҷиро ёд гирад.
Ҳамзамон, дар семинари имрӯза омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Силмонова Сурма , Аминова Мунира ва сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон роҷеъ ба нақши забонҳои хориҷӣ дар ҳаёти имрӯза, забондонӣ, усулҳои муосири омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштирок дар маҳфилҳои забономӯзӣ ва барномаҳои таълимии забонҳои хориҷӣ маъруза намуданд.
Дар фарҷом ба як қатор донишҷӯёни фаъол ва донандаи хуби забонҳои хориҷӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии факултети металлургия баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот



