БАРГУЗОРИИ ДАРСҲОИ АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁНИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МОШИНСОЗӢ ДАР КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

Тибқи дастури ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва барномаи таълимӣ ҷиҳати пайваст намудани назария бо амалия ва ба роҳ мондани низоми дуалии таълим дарсҳои амалии донишҷӯёни бахши сеюми ихтисоси 360101-01 технологияи мошинсозӣ бо роҳбарии мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Холов Зафар дар ҶДДМ «Суғд Пак» баргузор карда шуд.
Зимни баргузории дарсҳои амалӣ донишҷӯён дар корхонаи саноатии ҶДММ “Суғд Пак” аз тарафи мутахассисони корхона оид ба фаъолият ва раванди истеҳсолот иттилоъ гирифтанд. маълумотҳои мушаххас доданд.
Ба донишҷӯён дар ин коргоҳ намуди дастгоҳҳо ва қисмҳои он маълумоти дақиқ дода шуд.
Ҳамзамон, дар ҳамин рӯз донишҷуёни бахши чоруми ихтисоси 360101 шуъбаи рӯзона дарҷаи тахассуси бакалавриат ба КВД “Корхонаи мошинсозӣ”- шаҳри Бӯстон сафарбар гардиданд, ки дар он ҷо низ дарсҳои амалӣ аз ҷониби омӯзгор Хӯҷамов Санъат идома дода шуд.
Дар раванди дарс донишҷӯён аз раванди кори дастгоҳҳои ба коркарди ҷузъҳо аз наздик шинос гардида аз нозукиҳои раванди коркарди механикӣ шинос шуданд.
Дар рафти дарси амалӣ дар корхонаи саноатӣ коргарон ва устоҳои пуртаҷрибаи соҳаи мошинсозӣ ба донишҷӯён рафти коркарди механикии ҷузъҳое, ки аз тарафи дигар корхонаҳои барои таъмир ва навсозӣ фармон шудааст, иҷро намуда истодаанд, шарҳ доданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузор намудани дарсҳои амалӣ яке аз масъалаҳои хеле муҳим ва асосӣ ба ҳисоб рафта, дар барномаи таълимӣ ҷой дода шудааст ва барои дар сатҳи баланд омода гардидани мутахассисон мусоидат менамояд.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз донишкадаҳои соҳавии пешқадам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дарсҳои амалии донишҷӯён пурра дар корхонаи саноатӣ баргузор мешавад ва дар назди зиёда аз 67 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ кафедраҳои тахассусӣ филиалҳои худро боз намудаанд.
Шуъбаи иттилоот