Баргузории дарси кушоди омӯзгор Икромова Манзурахон

Имрӯз, дар синфхонаи 304-и факулетти металлургия дарси кушоди омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ дотсент Икромова Манзурахон аз забони русӣ баргузор гардид. Дар дарси кушоди омӯзгор Икромова М. мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон, омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Абдураҳмонова Азизахон ва дигар омӯзгорони кафедаи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ширкат намуданд. Омӯзгор Манзурахон Икромова дарсро дар сатҳи баланд оғоз намуда, ба донишҷӯён мавзуъро ташреҳ дод. 

Омӯзгорон ба тарзи дарсгузарӣ ва шарҳи мавзуъ аз ҷониби омӯзгори варзида ва собиқадор  Икромова Манзура баҳои баланд доданд. Гуфта шуд, ки таҷрибаи мазкур натиҷаҳои мусбат медиҳад ва бояд аз ин бештар корбурд шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тарзи забономӯзӣ ба тариқи пайваст ба ихтисос ба роҳ монда шуда, донишҷӯёнро боз ҳам шавқманд месозад. Омӯзгорони кафедаи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ бештар дарсҳои забонҳои русӣ ва инглисиро ба тариқи муосир ба роҳ монда, дар асоси стандартҳои байналмилалие, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, мегузаранд.

Шуъбаи иттилоот