Коррупсия зарар бар рушду пешрафти ҷомеа

Имрӯз, дар толори Шурои олимони Донишкада мулоқоти намоядаи  раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд Олимзода Ҷаҳонгир Толиб бо ҳайати роҳбарикунанда ва фаъолон баргузор гардид. Дар мулоқот ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовинони ректор, сардорони шуъбаҳо ва деканҳои факулететҳо ширкат намуданд.

Сараввал ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба оқибатҳои нохушоянди амалҳои коррупсионӣ, зарару зиёни он, кори комиссияи ҷамъиятӣ оид ба муқовимат бо коррупсия ва бурдани корҳои тарғиботи дар ин самт суханронӣ намуд.

Баъдан, намоядаи  раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд Олимзода Ҷаҳонгир роҷеъ ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ, оқибатҳои нохуши он, бандҳои қонун ва ҳамзамон саҳми ҷомеа дар мубориза бар зидди коррупсия суханронӣ намуда, ҷиҳати баланд гардидани маърифати ҷомеа дар самт машваратҳо дод.

Таъкид карда шуд, ки дар Донишкада ҷиҳати мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ ва ҳамзамон муқовимат бар он доимо чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.