Имрӯз, дар толори Шурои олимони Донишкада ҷиҳати амали намудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бахшида ба 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 – солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳафтаи кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ таҳти унвони “Ҳафтаи забон – ҳафтаи фаҳмиш ва дӯстӣ” баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи барномаи ҳафта, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳро ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ, магистрантон ва донишҷӯёни ширкат намуданд.
Чорабиниро мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи ҳафта, нақшаи чорабиниҳо ва аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ суханронӣ намуд.
Баъдан, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба аҳамияти забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таълими забонҳои хориҷӣ дар Донишкада, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли наврас ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки Пешвои муаззами миллат роҷеъ ба забон ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ чунин ибрози андеша намудаанд: “Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем”.
Воқеан ҳам омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои васеъ гардидани ҷаҳонбинии насли ҷавон, баланд гардидани маърифат, огоҳ гардидани онон аз ҷаҳони берунӣ ва ҳамзамон омӯзиши илмҳои гуногун, техникаву технологияҳои муосир, муаррифии дурусти Ватани маҳбубамон мусоидат менамояд.
Мавсуф, изҳор дошт, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, доимо дар ин бора дар Паёмҳои хеш низ ибрози андеша менамоянд ва мо низ бояд нисбат ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар бояд зоҳир намоем. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки “…дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.
Дар чорабинӣ, ҳамзамон аз ҷониби донишҷӯён маърузаҳо ба забони русиву хориҷӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. Дар чорабинӣ газетаҳои деворӣ, ки аз ҷониби донишҷӯён таҳти унвони “Ихтисоси ман беҳтарин!” ва “Language is a key” омода карда шуда буд, ба маъраз гузошта шуд.
Таъкид карда шуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо барои бедор намудани завқи донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, густариши донишҳои забонӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии донишҷӯён, равнақи оинҳои дӯстёбӣ ва ҳамзамон рушду малакаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ таҳти унвони “Ҳафтаи забон – ҳафтаи фаҳмиш ва дӯстӣ” дар давоми ҳафта давом ёфта, донишҷӯёну шавқмандон метавонанд, дар чорабиниҳои он озодона ширкат намоянд.
Шуъбаи иттилоот




