Имрӯз дар талори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бо ширкати роҳбарияти Донишкада, ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва занону бонувон, донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Модарон ҳамоиши бузург таҳти унвони “Модар рамзи ҳастии башар ва покии ҷомеа” ҳамоиши бошукӯҳ баргузор карда шуд. Чорабиниро ровиёни хушсадо ва хушилҳом бо қироати шеъру тарона ва суханони ҳикматомӯз дар васфи Зан-Модар ифтитоҳ намуда, сипас риштаи суханро ба ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ доданд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бонувонро ба Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, бар онон сарбаландиву саодатмандӣ ва тансиҳативу муваффақият, пешрафту пирӯзӣ, шодкомиву хушиқболӣ таманно кард.
Мавсуф изҳор дошт, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи модарон бо тантанаву шукуҳи хоса таҷлил карда мешавад ва ин пеш аз ҳама аз мақому мартабаи баланди зан-модар шаҳодат медиҳад. Занони баору номуси тоҷик ҳамеша дар тарбияи насли меҳандӯсту хештаншинос саҳми арзанда мегузоранд, ки бо ҳамин далел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа пайваста талош менамоянд.
Ҳамин аст, ки дар суханронии хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боре таъкид намуда, чунин андешаронӣ карда буданд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Дар ҳақиқат занони баору номуси миллат борҳо исбот намудаанд, ки метавонанд дар баробари мардон барои ҳифзи марзу бум ва арзишҳои миллӣ ҷоннисорӣ намоянд. Феълан, саҳми занону бонувон – модарони тоҷик дар рушди тамоми соҳаҳо назаррас арзёбӣ мешавад.
Ҳамзамон, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба нақши занони омӯзгор ва саҳмгузор дар соҳаи илму маориф саҳмгузор ёдовар шуда, таъкид дошт, ки бонувони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар тарбия намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат саҳми арзанда доранд ва ҷомеа ин хидматҳоро ҳаргиз фаромӯш намесозад. Занону модарони заҳматкаши Донишкада бо фаъолияти пурсамар ва содиқонаи хеш ҳамеша мавриди ситоиш ва таваҷҷуҳ қарор доранд.
Ҳамчунин, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба бонувони фаъол Сипоснома ваттуҳфаҳои хотиравиро тақдим намуда, изҳор дошт, ки занону бонувон шоистаи эҳтироми воло ва арҷгузорӣ дар сатҳи баланд ҳастанд.
Гуфта шуд, ки ҳар як талош ва кӯшишҳои занону бонувони муассиса дар шароити феълӣ барои рушди Донишкада баҳои баланд дода мешавад ва мо талош мекунем, ки баҳри баланд бардоштани мақоми зан -модар боз ҳам кор кунем.
Сипас, , аз ҷониби гурӯҳи ҳунарии “Ҷилои ёқут”-и Донишкада ва ширкати ҳунармандони маъруфи шаҳр барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Шуъбаи иттилоот


