МОДАР САРЧАШМАИ МЕҲР ВА ПОЯИ ЗИНДАГИСТ

Рӯзи 8-уми март, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мегардад, дар Тоҷикистон бо муҳаббати хоса ҳамчун Иди Модарон пазируфта шудааст. Таърихи пайдоиши ин рӯз ба аввали асри ХХ бар мегардад. Бо пешниҳоди фаъоли иҷтимоӣ ва сиёсатмадори олмонӣ Клара Цеткин ин сана ҳамчун рӯзи мубориза барои ҳуқуқу шарафи занон пешниҳод гардид ва минбаъд ба иди байналмилалӣ табдил ёфт. Соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид санаи 8-уми мартро расман эътироф намуд. Вале барои мардуми тоҷик ин рӯз пеш аз ҳама ҷашни модар, ҷашни муҳаббат ва сипосгузорист, зеро дар тафаккури миллӣ модар болотар аз ҳар гуна унвон ва мақом қарор дорад.

Модар нахустин мураббӣ ва устоди зиндагии инсон аст. Кӯдак аз гаҳвора бо суруди аллаи модар ором мегардад ва бо суханони ӯ нахустин қадамҳоро ба сӯи зиндагӣ мегузорад. Модар аст, ки дар қалби фарзанд тухми меҳрубонӣ, ростқавлӣ, садоқат ва ватандӯстиро мепарварад. Маҳз тарбияи модар аст, ки шахсиятро ташаккул медиҳад ва ҷаҳонбинии ӯро равшан месозад. Агар ҷомеа мехоҳад насли солим ва босавод дошта бошад, бояд пеш аз ҳама мақоми модарро гиромӣ дорад. Зеро тарбияи дуруст аз оила оғоз мешавад ва меҳвари оила модар аст.

Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 иди 8-уми март расман аз “Рӯзи байналхалқии занон” ба “Рӯзи модар” тағйир дода шуд​. Минбаъд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи Модарон ҷашн мегиранд. Ҷашнгирии расмии ин санаи ҳамчун иди давлатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Зан – Модарро эҳтиром ва ҳифз мекунанд.​

Имрӯз занону модарон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок менамоянд. Онҳо дар баробари иҷрои вазифаи муқаддаси модарӣ ҳамчун омӯзгор, табиб, олим, муҳандис, фарҳангшинос ва хизматчии давлатӣ фаъолият карда, дар пешрафти давлат саҳми арзанда мегузоранд.

         Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатӣ ба баланд бардоштани мақоми зан ва ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ равона гардидааст. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои муҳими давлатӣ барои дастгирии занону модарон амалӣ мешаванд, ки ба таҳкими мақоми онон дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки эҳтиром ба модар ва зан як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар мебошад.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан -Модар вобаста аст. Зани ,тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст.

Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.

Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯйи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда. Навозиши дастони модар новобаста ба синну сол  барои фарзанд беҳтарин табобат ва муҳаббат аст,

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин изҳори назара намудаанд: “Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд…

Модар чунон дили пур аз меҳр дорад, ки дар бисёр ҳолатҳо бо меҳрубониву бахшояндагии хоси худаш аз гуноҳи фарзанд мегузарад ва ӯро мебахшад”.

Дар ҳақиқат яке аз хислатҳои бузурги модар ин бахшоиш ва гузаштан аз гуноҳи фарзанд ба хотири дарс гирифтан аз зиндагиву шикаст надиданаш мебошад.

Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд!

Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Модар рамзи сабр ва фидокорист. Ӯ омода аст барои хушбахтии фарзанд аз роҳати худ бигзарад, шабҳои зиёд бедор монад ва бо дуои некаш роҳи фарзандро равшан созад. Ҳангоми беморӣ болои сари фарзанд шабзиндадорӣ мекунад, ҳангоми мушкилот дастгирӣ менамояд ва ҳангоми муваффақият бо ашки шодӣ шукр мегӯяд. Муҳаббати модар беғараз, самимӣ ва ҷовидонист. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз фарзанд чизе талаб намекунад, ҷуз он ки ӯ инсони нек, боахлоқ ва шоиста гардад.

Дар зиндагӣ лаҳзаҳое мешаванд, ки инсон ба қадри модар бештар мерасад. Вақте аз хона дур мешавад, гармии оғӯши модарро бештар эҳсос мекунад; вақте бо мушкил рӯ ба рӯ мегардад, дуои модарро паноҳи худ мешуморад. Модар мисли шамъ месӯзад, то зиндагии фарзанд равшан бошад. Ин фидокорӣ ва садоқат беҳамто ва бемисл аст.

Қадршиносии модар рисолати ҳар як фарзанд мебошад. Эҳтиром ба модар танҳо бо туҳфа ва суханҳои идона маҳдуд намегардад. Бояд ҳар рӯз бо рафтори нек, муваффақият дар таҳсилу кор ва муносибат эҳтиромона меҳнати ӯро қадр намоем. Беҳтарин сипос барои модар он аст, ки фарзандаш шахси солеҳ, ватандӯст ва масъулиятшинос бошад. Зеро ҳар комёбии фарзанд самари заҳмат ва тарбияи модар аст.

Модар на танҳо барои як оила, балки барои ҷомеа низ шахсияти муҳим аст, чароғи меҳру вафо ва садоқат аст. Чароғи пурнури ҳар як оила зан аст. Занони соҳибмаърифат ва босавод метавонанд насли ояндаро дар рӯҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ тарбия намоянд. Аз ҳамин ҷост, ки ҷомеаи пешрафта пеш аз ҳама ба таҳкими мақоми зан ва модар таваҷҷуҳ мекунад. Зеро ободии давлат аз ободии оила оғоз меёбад ва ободии оила ба ҳикмату меҳрубонии модар вобаста аст.

Ҳамон гуна, ки Аллома Иқбол фармудааст: “Зан чароғи пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст”.

Модар сарчашмаи меҳр ва пояи зиндагист. Агар модар бошад, хонадон гарм аст; агар дуои модар бошад, роҳ равшан аст; агар табассуми модар бошад, зиндагӣ пурсаодат мегардад. Бигзор модарон ҳамеша сиҳату саломат, сарбаланд ва хушбахт бошанд, зеро хушбахтии ҳар инсон аз оғӯши модар оғоз меёбад ва бо дуои ӯ идома меёбад. Арҷгузорӣ ба модар арҷгузорӣ ба зиндагӣ, ба инсонгароӣ ва ба арзишҳои волои башарист.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми бонувони тоҷик, модарони арҷманду воломақом ва маликаи ҳастиофарро  ба ин рӯзи фархунда табрик гуфта, таманно дорам, ки ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошанд.

ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОН ВА БОНУВОНИ АЗИЗ!!!

Бахтиёр Маҳмадалӣ 

ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии

Тоҷикистон д.и.и.,профессор