Имрӯз дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик мулоқоти ҳайати эҷодии рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҷовиди Аштӣ, сармуҳаррири рӯзномаи “Согдийская правда” Исҳоқҷон Зокиров, сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Бӯстон” Лола Юсупова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Согдийская правда” Фарҳодҷон Қосимов, мудири шуъбаи ҳамин рӯзнома Мунаввар Содиқов ва мухбири махсуси ҳамин рӯзнома Кутузова Наталя ва дигар донишҷӯёну омӯзгорон ширкат намуданд.
Чорабиниро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши матбуот дар рушди ҷомеа, ҳифзи манофеи миллӣ, ҳифзи арзишҳои давлати миллӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои волои давлатдорӣ, ватандӯстӣ, истиқлолу озодӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма хеле муҳим ва муфид буда, барои рушди ин ё он соҳа мусоидат менамояд.
Мавсуф иброз дошт, ки матбуот чашму гӯши ҷамъият ва довари одил мебошад.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ яке аз рӯзноманигорони муваффақ ва фаъоли ҷомеа, раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҷовиди Аштӣ суханронӣ намуда, дар бораи таърихи матбуоти тоҷик, рӯзноманигорони собиқадор, дастгириҳои давлатӣ бар соҳаи ВАО муфассал маъруза карда, нақши матбуотро дар рушди афкори созандаи ҷомеа ҳалкунанда арзёбӣ намуд.
Сипас, дар чорабинӣ сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” яке аз рӯзноманигорони варзида ва муваффақ, равшанфикр ва меҳандӯст Исҳоқҷон Зокиров суханронӣ намуда дар бораи Рӯзи матбуоти тоҷик нақши рӯзномаву маҷаллаҳои русзабон дар тарғибу ташвиқи ғояҳои волои инсонӣ ва ҳифзи манофеи миллӣ гуфта гузашт.
Таъкид карда шуд, ки нақши матбуоти тоҷик дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ муассир мебошад.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми Бӯстон” Лола Юсупова дар бораи нақши нашрияи шаҳрӣ дар тарғибу ташвиқи ғояҳои шаҳрнишинӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар миёни аҳолӣ, ва омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Карина Когай роҷеъ ба нақши матбуот суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба рӯзноманигорон Сипосномаи раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро тақдим намуд.
Шуъбаи иттилоот






