ТОЗАНАШР: Парокандашавии нур дар наздикии нуктаҳои гузариши фаза дар кристалҳо

Асари илмии профессори Донишкада, декани факултети электромеханика  Қозизода Камолиддин таҳти унвони “Парокандашавии нур дар наздикии нуктаҳои гузариши фаза дар кристалҳо” бо забони русӣ ба табъ расид. Асари мазкур бахшида ба 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба нашр расонида шудааст. Профессор Қозизода Камолиддин асари мазкурро дар ҳаммуаллифӣ бо Умаров М.Ф. ва А.К. Қаюмзода барои мутахассисони соҳаи физика, унвонҷӯён, олимони ҷавон ва донишҷӯён таҳия намудааст.

Масъалаи баррасишуда дар асари мазкур хеле муҳим буда, барои олимон ва пажӯҳишгарон роҳнамои хубе мебошад.

Ёдовар мешавем, ки профессор Қозизода Камолиддин аз олимони саршинос ва аз омӯзгорони сарсупурда ва ҳирфаӣ буда, умри хешро сарфи илму маориф ва тарбияи насли ҷавон намудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки хидмати профессор Қозизода Камолидин дар рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, дар пешрафти кори муассиса, дар тарбияи насли ҷавон, дар омода намудани мутахассисони варзида бисёр ҳам бузург мебошад. Мавсуф аз устодони як қатор олимони ҷавон ва омӯзгорони фидоӣ мебошад.