БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ҲИЗБИИ “МАЪРИФАТ”- И ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ҳизбии “Маърифат”- и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Манзара Юнусӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ва дигар кормандон, омӯзгорону донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд.
Ҷаласаро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти ташкилоти “Маърифат” дар назди ДКМТ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, саодатмандиву рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, рушди илму маориф, ҳамкории Донишкада бо ташкилотҳои ҳизбӣ, сухан ронда, изҳор дошт, ки маҳз талошу кӯшишҳои абармарди арсаи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт…
Дар ҷаласаи имрӯза, ҳамчунин муовини раиси ташкилоти ҳизбии “Маърифат” Мирзозода Воҳидҷон оид ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ҳизбӣ маълумот манзур намуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи ҳисоботӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Манзура Юнусӣ суханронӣ намуда, бар фаъолияти ташкилоти ҳизбии “Маърифат”-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ ҳамзамон фаъолони ҳизб суханронӣ намуда, омодагии хешро барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Шуъбаи иттилоот