Дирӯз, дар факултети металлургия тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишкада ҷаласаи махсуси декани факултет Собирова Шукринисо ҷиҳати ҷоннок намудани кори сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, барқарор намудани робитаи мустақим бо волидайни донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, тарбия дурусти донишҷӯён, гузаронидани аксияҳои тарғиботӣ оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони декан, мудирони кафедраҳо, сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ширкат намуданд.
Ҷаласаро декани факултети металлургия Собирова Шукринисо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҷоннок намудани кори сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, баланд бардоштани сифати таълим, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, бедор намудани завқи донишомӯзӣ дар ниҳоди донишҷӯён сухан ронда, изҳор дошт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии хеш чунин қайд намуда буданд: “Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст. Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди неруи инсонӣ робитаи мустақим дорад”.
Аз ин лиҳоз, мо бояд донишҷӯёнро водор созем, ки хубу аъло хонанд, аз худ рафтори намунавӣ нишон диҳанд, ватандӯст шаванд, ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳа ба камол бирасанд ва барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Дар ҷаласа муҳокимарониҳо сурат гирифта, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия омӯзгорони собиқадор изҳори андеша намуданд.
Ёдовар мешавем, ки факултети металлургия яке аз факултетҳои фаъол буда, тамоми кафедраҳои он дар назди корхонаҳои саноатӣ баҳри татбиқи илм дар истеҳсолот ва ҷорӣ намудани низоми дуалии таълим филиалҳои худро доранд.
Шуъбаи иттилоот

