Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ва 70-солагии олими барҷаста, собиқ мудири кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Соҳибҷон Ёқубов конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳадаф, дурнамо ва мушкилоти омодасозии мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ” бо ширкати беҳтарин олимони соҳа баргузор гардид. Конфроснро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи конфронс, рушди соҳаи саноат, омодасозии мутахассисони варзидаи соҳаи саноат ва иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди саноати миллӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои бозкушоиии муаммои омодасозии кадрҳои баландихтисоси ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат мусоидат мекунад. Мавсуф иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳони муосир, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба бозори меҳнат аз афзалиятҳои Донишкада мебошад.
Дар конфронси имрӯза ҳамчунин, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой дар мавзуи “Асосҳои технологияи коркарди устувори маъданҳои тиллодор”, мудири кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ Самадова Гулӣ дар мавзуи “Олими равшанзамир, педагоги фидоӣ ва бунёдгузори тафаккури нави таълим”, профессори МД “Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд”-и МД Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Тоҷикистон Шокиров Равшан дар мавзуи “Нақши институтҳои ғайрирасмӣ дар рушди сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба тариқи онлайн Саидқосимов Саидҷаббор-Президенти Иттифоқи байналмилалии маркшейдерон, д.и.и., профессори Донишгоҳи давлатии Тошканд ба номи Ислом Каримов, профессор Петросова Лариса ва Муталибов Саидаълохон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон суханронӣ намуда, устод Соҳибҷон Ёқубовро табрику таҳният гуфтанд. Ҳайати олимони байналмилалӣ аз саҳми устод Ёқубов Соҳибҷон дар омода намудани маркшейдерон ёдовар шуда, роҳ ва мактаби ӯро беназир арзёбӣ намуданд.
Дар конфронс ҳамчунин олимону пажӯҳишгарон суханронӣ намуда, масъалаҳои рушди соҳаи саноат, омодасозии кадрҳо, истифодаи технологияҳои муосир, ҳамкории академикӣ ва ғайра мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид карда шуд, ки профессор Ёқубов Соҳибҷон аз беҳтарин мутахассисони варзидаи соҳа буда, барои рушди соҳаи илм, пешрафти соҳаи маориф, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон саҳми арзишманди хешро гузоштааст.
Сипас, кори конфронс дар бахшҳо идома пайдо намуд.
Шуъбаи иттилоот

