Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, аз он ҷумла энергияи офтобӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Зикр мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия буда, энергияи офтобӣ яке аз самтҳои ояндадори рушди соҳаи энергетикаи кишвар ба шумор меравад.
Дар Паёми навбатӣ таъкид гардид, ки истифодаи энергияи офтобӣ метавонад ба расидан ба истиқлолияти энергетикӣ кӯмак намуда, боиси коҳиш додани вобастагӣ аз сӯзишвории анъанавӣ ва беҳтар гардидани вазъи экологии мамлакат мусоидат намояд. Пешвои миллат зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, бунёди неругоҳҳои офтобӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистонро муҳим арзёбӣ мекунанд.
Дар давраи муосир, ки масъалаи дастрасӣ ба манбаъҳои устувори энергия ба яке аз масъалаҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо табдил ёфтааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки таъмини нерӯи барқ, бахусус дар минтақаҳои дурдасту кӯҳӣ, қарор дорад, ки ин яке аз роҳҳои муосир, истифодаи энергияи офтобӣ мебошад, ки метавонад на танҳо камбуди барқро бартараф созад, балки ба коҳиши таъсири инсон ба муҳити зист мусоидат намояд.
Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ бошад ҳам, бархе минтақаҳои дурдасти кӯҳистони кишвар то ҳол ба шабакаи марказонидашудаи барқ пайваст нестанд. Маҳдудиятҳои техникӣ, масофаҳои зиёд, инфрасохтори суст ва хароҷоти баланди васлкунии шабакаи барқ ба ин минтақаҳо монеа эҷод мекунанд. Аз ин лиҳоз, аҳолӣ ба истифодаи ангишт, ҳезум ё генераторҳои дизелӣ маҷбур мешавад, ки ин ҳам барои муҳити зист зарарнок аст ва ҳам хароҷоти зиёдро талаб менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иқлимаш хушк ва континенталӣ аст, ки ҳарорат дар рӯз ва фаслҳо хеле тағйир меёбад. Боришот кам аст, ҳаво хушк ва абрҳо кам мешаванд. Шумораи рӯзҳои офтобӣ дар як сол 260 то 300 рӯзро ташкил медиҳад.
Қувваи нурҳои офтоб дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон то 1000 ватт бар як метри мураббаъ мерасад, ва маҷмӯи нерӯи офтобӣ дар як сол аз 2000 киловатт*соат бар як метри мураббаъ зиёд аст. Ин ду баробар зиёдтар аз минтақаҳои миёнаи Аврупо мебошад, ки дар он ҷо истифодаи энергияи офтобӣ хеле васеъ аст.
Бинобар он, истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус энергияи офтобӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан дар деҳот ва кӯҳистон хеле муҳим аст. Ин на танҳо барои таъмини нерӯи барқ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум кӯмак мекунад, балки инчунин ба ҳифзи муҳити зист ва рушди технологияҳои нав дар кишвар мусоидат менамояд.
Энергияи офтобӣ дар таъмини нерӯи барқ барои минтақаҳои деҳотии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад, бахусус дар он маҳалҳое, ки дурдаст, ба шабакаи марказонидашудаи барқ дастрасӣ надоранд. Дар чунин минтақаҳо, истифодаи панелҳои офтобӣ ҳамчун роҳи алтернативӣ имконият фароҳам меорад, ки аҳолии маҳаллӣ бо нерӯи барқи доимӣ таъмин шаванд. Ин на танҳо сатҳи зиндагии сокинонро беҳтар мекунад, балки вобастагии онҳо аз манбаъҳои анъанавии энергия, аз қабили ангишт ва ҳезумро коҳиш медиҳад. Илова бар ин, истифодаи энергияи офтобӣ ба коҳиши таъсироти манфии инсон ба муҳити зист мусоидат мекунад, зеро он манбаи пок ва барқароршаванда ба ҳисоб меравад.
Энергияи офтобӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон дастрас мебошад ва дар минтақаҳои кӯҳӣ ва деҳот имконияти беназире барои таъмини нерӯи барқ мебошад. Ин манбаъ бархурдор аз фазои озод ва нурҳои мунтазами офтоб аст, ки имкон медиҳад системаи офтобӣ дар хонаҳо ва муассисаҳои хурд насб гардад.
Мавриди зикр аст, ки дар солҳои охир бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои давлатӣ, дар чандин деҳоти кӯҳистони ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Айнӣ системаҳои хурди офтобӣ насб карда шудаанд. Ин таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бо хароҷоти нисбатан кам, метавонад нерӯи барқ барои равшанӣ, телевизор, насоси обкаш ва дигар эҳтиёҷоти рӯзмарра таъмин гардад.
Бояд қайд намуд, ки энергияи офтобӣ имконияти воқеӣ ва амалии беҳтарсозии сатҳи зиндагии аҳолии деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам меорад. Он метавонад воситаи муассири таъмини барқи устувор, камхарҷ ва экологӣ тоза бошад. Бо роҳандозии сиёсати дурусти давлатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, рушди ин соҳа метавонад қадами муҳиме дар самти таъмини барқ ҳамаҷониба барои ҳамаи минтақаҳои кишвар гардад.
Ҷалолзода Айёмиддин Ҷалол
омӯзголри Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
