Номаи табрикотии ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз!

Ҳамкорони арҷманд!

Донишҷӯёну донишомӯзони гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик-Сада табрику таҳният гуфта бароятон барору муваффақият ва комгорӣ таманно менамоям.

Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷашну маросимҳои миллӣ дубора аз сари нав эҳё карда шуд ва бо  шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ миллати сарбаланди тоҷик аз ҷашну маросим ва идҳои миллии хешро сазовор истиқбол менамояд.  Дар эҳёи фарҳанг ва зинда намудани ҷашнну идҳои миллӣ, мақоми байналмилалӣ бахшидани ҷашнҳои бузурги аҷдодиамон нақши Пешови муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр бузург мебошад.

Таҷлил аз ҷашни Сада дар ин айём маҳз бо шарофати талошҳои Сарвари хирадманди давлат ва бо шарофати истиқлолу озодӣ бар мо даст додааст.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин гуфта буданд: “Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад.

Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагист.

Барҳақ, пайдоиши ҷашни Сада ва таҷлили он ба пояи унсурҳои муҳим барои ҳаёт сарчашма мегирад. Шоири бузурги мо, ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ  пайдоиши Ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Тибқи тасвири Фирдавсӣ, Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонд ва Ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе бо ҳамроҳии ёронаш ба шикор рафт ва дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла мекард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургзошти оташро муҳим хонд. Дар “Шоҳнома” чунин омадааст:
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз…

Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд пешчанг…

Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг…

Бигуфто: «Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ»…

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр.

Ва ҳамин маросим ҷашни Сада номгузорӣ карда шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, айёми фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанду маросимро баргузор намуд. Бояд таъкид намуд, ки пас аз  кашфи оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истеҳсоли филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, бар зидди аҳриманзодаҳову девҳо аслиҳа дуруст менамуд.  
Ҷашни бузурги миллӣ- Сада дар замонҳои Ҳахоманишиҳо ва Сосониёну Сомониён густариш ёфта, ба дигар кишварҳо бо роҳи муомилоти савдои Роҳи Абрешим паҳн гардидааст.

Фарзанди дигари миллат Абурайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» роҷеъ ба ҷашни Сада чунин ишора фармудааст: «…обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба ҷавз (чормаѓз)-у бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаъбу (бозӣ) шодӣ кунанд. Ва низ гурӯҳе аз он бигузаранд, то ба сӯзонидани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб…».

Ҳамзамон, баъзе аз пажӯҳишгарону муфассирон, ҳамин ки аз зимистони бузург (22 октябр то 30 январ) сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онон бар чунин бовар буданд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум гардидааст… Ва дар ин хусус китобу дастурҳо ва асноди зиёде ҳаст, ки Сада ҳамчун ҷашни миллии мо таҷлил мегардиду хосиятҳои неки баҳамоварӣ ва сарҷамъиву шодии мардумро дошт.

Қайд кардан зарур аст, ки бо омилҳои зиёде ҷашнҳои миллии тоҷикон аз ҷумла Сада он қадар дуруст таҷлил карда намешуд ва маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дубора дар фазои озод ва ба таври умумимиллӣ ҷашн гирифтани он мумкин гардид. Ва ин як бахти баланди миллати тоҷик мебошад.

Аз гармии ҷашни Сада ва фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи шуморо ба ин ҷашни муҳими миллӣ табрику таҳният гуфта, бароятон дар иҷрои нақшаву ниятҳои нек барору муваффақият ва дар зиндагӣ саодатмандиву пирӯзӣ таманно менамоям.

Ҷашни Сада хуҷаста бод, ҳамватанони арҷманд!

Бахтиёр Маҳмадалӣ

ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ