Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати ректори муассиса профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва муовини раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Мамнур Нурзода ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ ҷашни Сада таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ ҳайати профессорию омӯзгорӣ фаъолона ширкат намуда, ҳамзамон анвои кишоварзӣ ва дастпӯхти хешро ба намоиш гузоштанд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро ба ҷашни Сада- яке аз ҷашнҳои қадимии миллати тоҷик табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон барору муваффақият ва пирӯзиву саодатмандӣ таманно намуд.
Мавсуф, иброз дошт, ки Сада аз ҷашнҳои қадимии миллӣ буда, бо омилҳои гуногун анқариб аз байн мерафт ва маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё карда шуд. Хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи фарҳанги бостонии миллати тоҷик ва ҳамзамон ҳифзи хотираи таърихии миллат беназир аст ва мо шаҳрвандон бояд ин ҳама хидматҳои Сарвари хирадманди кишварро қадр намоему ҳаргиз фаромӯш намесозем.
Илова намуд, ки ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба паҳлавони асотирӣ – Ҳушанг нисбат медиҳанд. Аз он ҷумла, Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозу тирарангро мебинанд. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда, шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мегиранд. Мардум то ба ин вақт тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд ва Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовандӣ мехонанд. Шоҳ Ҳушанг ба худо шукр мекунад, ки ба мардум сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ӯ ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
(аз Шоҳномаи Фирдавсии бузург)
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш таъкид намуда буданд, ки «Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд…”. Ва ҳамин таъбир худ ифодагари он аст, ки таҷлил аз ҷашнҳои миллӣ як навъ гиромидошт аз фалсафаи ҳастии инсон ва боз ҳам афзун гардонидани меҳру садоқат мебошад. Зеро ин ҷашнҳо низ дониш ва ваҳдату ҳамгироиро тарғиб менамоянд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин, муовини раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Нурзода Мамнур суханронӣ намуда, номаи табрикотии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозодаро ба муносибати фарорасии ҷашни Сада ба самъи ҳозирин расонид. Мавсуф иброз дошт, ки маънии истиқлолу озодӣ ва ваҳдат ҳамин аст, ки мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оин, ҷашну маросими худро эҳё намоем ва аз он шоиста таҷлил намоем. Маҳз кӯшишҳои Роҳбари муҳтарами давлат самар доданд, ки имрӯз миллати сарбаланди тоҷик бо як саодат ва хушнудии комил ҷашнҳои миллиро таҷлил мекунад. Истиқлол ин бахти баланд ва неъмати бебаҳо мебошад…
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза омӯзгори фаъоли кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дотсент Холова Фахринисо суханронӣ намуда, роҷеъ ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва таълимоти фалсафии он ба ҳозирин маълумот дод.
Сипас, чорабинии фархангӣ аз ҷониби ансамбли ҳунарии “Ҷилои Ёқут”- и Донишкада манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷашнҳои миллӣ аз ҷумла Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон бо ташаббуси профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар Донишкада ҳамасола дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.м
Дар фарҷом ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба сохтори тарбия ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.
Шуъбаи иттилоот





